Муассисаи кори СММ иттилоъ медиҳад, ки шояд дар соли 2009-ум дар саросари олам беш аз 50 миллион ҷои корӣ аз байн равад.
Дар ҳамин ҳол Сандуқи Байнулмилалии Пул бо ишора ба дурнамои соли 2009-ум иброз доштааст, ки эҳтимол имсол рушди иқтисодӣ мутаваққиф гашта, заифтарин аз замони хатми ҷанги дуюми ҷаҳонӣ шавад.
Муассисаи Байнулмилалии кори СММ бар ин ақидааст, ки ҷаҳон дар рӯ ба рӯи бӯҳрони кор қарор дорад. Ин идора навиштааст, ки дар беҳтарин ҳолат агар ҳукуматҳои олам ба монанди ИМА барномаҳои кӯмаки молӣ барои рушди иқтисодро иҷро намоянд, соли 2009-ум фақат 18 миллион ҷои корӣ аз байн меравад. Дар ҳоли баръакс ба фикри муаллифони гузориши Муассисаи Байнулмилалии кори СММ, дар саросари дунё то 51 миллион нафар аз ҷои кор маҳрум хоҳанд шуд.
Лоренс Ҷонсон, яке аз муаллифони гузориши "Дурнамои саросари шуғл", изҳор намудааст, ки соли равон дар мамолики Аврупои Марказиву Шарқӣ ва Иттиҳоди Давлатҳои муштаракулманофеъ мизони бекорӣ то 10 дарсад боло меравад. Ҷонсон меафзояд, ки дар ин миён набояд фаромӯш кард, ки муҳоҷирони корӣ ҳам ба ватанҳояшон баргашта, ба сафи бекорон мепайванданд. Омори муассисаи байнулмилалии кор бекории ба истилоҳ "ноаён" ва кори мавсимиро дар бар нагирифтааст.
Дар мамолики пешрафта, мардуме, ки ҷои корро аз даст медиҳанд, ба идораи шуғл муроҷиат мекунанд, то ҳаққи гирифтани кумакпулии бекориро касб намоянд. Аммо сокинони кишварҳои дар ҳоли рушд аз чунин имтиёз бархӯрдор намебошанд ва ё он то ҳадде ночиз аст, ки арзиши сабти ном пайгириро надорад. Дар чунин ҳол ташхиси шумори воқеии бекорон душвор аст.
Нейл Шеринг, иқтисодшинос аз маркази Капилат Экономикси Лондон, мегӯяд, шояд мизони бекорӣ дар кишварҳои назди Балтик то 15% боло равад. Ӯ меафзояд, ки вазъи Булғористон, Романия ва Украина ҳам нигаронкунанда ба назар мерасад.
Сандуқи байналмилалии Пул низ гузориши солонаи худро бознигарӣ намуда, дурнамои рушди соли 2009-умро боз ҳам ториктар нишон додааст. Чанд моҳ пеш Сандуқ тахмин мекард, ки рушди саросарӣ дар соли 2009-ум 0,75 дарсадро ташкил хоҳад дод, вале рӯзи 28-уми январ коршиносони ин муассисаи байналмилалии молӣ иброз доштанд, ки имсол дар беҳтарин ҳолат рушди саросарӣ ба 0,5 дарсад мусовӣ мешавад.
Ба ақидаи муаллифони гузориши Сандуқи Байнулмилалии Пул, дар кишварҳои Аврупои Шарқӣ ва Иттиҳоди Давлатҳои Муштаракулманофеъ рушд манфӣ хоҳад буд, яъне коҳиши мусовӣ ба тахминан ба 0,4 дарсад пешбинӣ шудааст.
Ба навиштаи Сандуқи Байнулмилалии пул заъфи рушд хеле ҳам возеҳ дар Русия мушоҳида хоҳад шуд. Соли 2008-ум рушди хоҷагии ин кишвар тақрибан ба 6 дарсад баробар буд. Имсол бошад, бар пояи пешбинии муассисаи байнумилалии молӣ рушди Русия аз 0,7 дарсад бештар нахоҳад буд.