Сарвазири Русия, Владимир Путин, аз кишварҳои ҷаҳон даъват кард, бар асари бӯҳрони молиявӣ ба "канораҷӯӣ ва худбинии иқтисодӣ" роҳ надиҳанд.
Владимир Путин дар пешгуфтораш ба Маҷмаъи иқтисодии Давос бӯҳрони молиявии ҷаҳонро ба "тӯфони комил" монанд, ки ҳамаи нерӯҳои шӯридаро дар як нуқта ҷамъ меорад ва зарбаи харобиовари онҳо даҳчанд мешавад. Вай ҳушдор дод, ки дар чунин айём давлатҳо набояд ба худбинӣ ва канораҷӯӣ фурӯ раванд.
Путин ҳамчунин даъват карда, ҳарбигароӣ қатъ гашта, хароҷоти низомӣ коҳиш дода шавад. Вай бӯҳрони имрӯзаро ба Депрессияи бузурги охири солҳои 20 ва аввали солҳои сиюми садаи гузашта монанд кард, вале афзуд, тафовут ин ҷост, ки бӯҳрони ахир ба ҳамаи кишварҳо таъсир кардааст. "Дар давраи ҷаҳонишавӣ бӯҳрон ба ҳама асар кард, ба ҳамаи кишварҳо бидуни истисно ва қатъи назар аз низоми сиёсӣ ва иқтисодии онҳо. Ҳама нишастагони як киштӣ шуданд."
Путин Иёлоти Муттаҳидаро барои ин бӯҳрон айбдор надонист, вале ёдовар шуд, ки соли гузашта дар ҳамин толори ҷаласаи Давос вазири умури хориҷии Амрико, Кондолиза Райс, гуфта буд, иқтисодиёти Иёлоти Муттаҳида аз реша устувор аст. Вале имрӯз, гуфт Путин, мо шоҳиди фурӯпошии банкҳо ва ниҳодҳои молиявии Амрико шудем ва зиёни онҳо аз фоидаи 25-солаашон ҳам бештар гашт. Вай ҳушдор дод, ки акнун кишварҳо набояд ақибнишинӣ кардаву дар ғами худ дармонанд ва худпарастона амал кунанд. Чунин судҷӯӣ ва бунёди монеъаҳои зидди тиҷорат вазъро бадтар хоҳад кард.
Ҳамзамон сарвазири Русия аз дахолати давлат ба кори бозор огоҳ кард ва гуфт, ин метавонад сабаби дар дасти давлат ҷамъ омадани сарватҳо гардад. Путин гуфт: "Дахолати барзиёди давлат ба ҳаёти иқтисодӣ ва эътимоди кӯр-кӯрона ба имкониятҳои давлат як иштибоҳи дигаре хоҳад буд. Таҳкими нақши давлат дар шароити бӯҳронӣ як вокуниши табиӣ ба нокомии худтанзимии бозор аст. Аммо ба ҷои талоши беҳсозии фишангҳои бозор, васвасаи ба бузургтарин ҳад густариш додани ҳузури бевоситаи давлат дар иқтисодиёт пайдо шудааст. Тарафи дигари чораҳои зидди бӯҳрон дар қариб ҳамаи кишварҳо ин таҷаммӯъи моликияти зиёд дар дасти давлат аст."
Сарвазири Русия аз раҳбари нави Иёлоти Муттаҳида, Барак Обама даъват кард, ки дар умури байнулмилалӣ ҳамкории созандаро бартарӣ диҳад. Дар ин роҳ Путин ба ӯ барори кор орзу кард. Вай гуфт, ин даъваташ ба ҳамаи риштаҳо пайванд дорад ва низоъҳое монанди ҷанги Русияву Гурҷистон, ҳамлаҳо дар Мумбай, ҷанги ахири фаластиниҳо ва исроилиҳо дар Ғазза дар натиҷаи нокомии механизмҳои бисёртарафаи сиёсӣ ба амал омадаанд. Путин афзоиши хароҷоти ҳарбиро як омили дигари амиқрафти бӯҳрон номид.
Вай ҳамчунин гуфт, амнияти энержӣ бояд аз замонатҳои байнулмилалии ҳуқуқӣ бархӯрдор бошад. Ин ишорае буд ба моҷарои ахири газ миёни кишвараш ва Украина, ки се ҳафта Аврупоро аз газ маҳрум кард. Путин афзуд, Русия нақша дорад, то Чин ва Уқёнуси Ором як лулаи нави газу нафт бунёд кунад.