28-уми январ дар Давоси Суис ё Шветсария Маҷмаъи ҷаҳонии иқтисодӣ ба кор оғоз кард.
Ин маҷмаъ ҳар сол дар ҳамин вақт дар Давос баргузор мешавад. Тибқи хабаре, ки маркази матбуотии ин маҷмаъ ба нашр расондааст, соли ҷорӣ дар кори он беш аз 40 раҳбари давлату ҳукумат ширкат хоҳанд кард, ки нисбат ба соли пеш ду баробар бештар аст. Дар он вазирон ва руасои бонкҳои марказии 36 кишвар, аз ҷумла руасои бонкҳои 8 кишвари пешрафтаи санъатии ҷаҳон, ба ҷуз аз Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ширкат меҷӯянд. Маҷмаъи ҷаҳонии соли ҷорӣ ба роҳҳои рафъи бӯҳрони молии ҷаҳон ихтисос дода шудааст.
Маҷмаъи ҷаҳонии иқтисод дар Давос дар ҳоле кори худро оғоз кардааст, ки бӯҳрони сартосарии молӣ кишварҳои пешрафтаро водор сохтааст, то онҳо барои танзими вазъи иқтисодии худ ва раҳоӣ аз ин бӯҳрон барномаҳои наҷоти молии худро яке баъд аз дигарӣ ба тасвиб расонанд. Коршиносон мегӯянд, бо вуҷуди ин ки барномаҳои наҷоти молиро баъзе кишварҳои пешрафта ба тасвиб расондаанд, вале ин барномаҳо қодир нестанд ҷаҳонро аз бӯҳрон наҷот диҳанд. Ба назари онҳо, бояд барои раҳоӣ аз ин бӯҳрон барномаҳои ҳамоҳанг танзим шаванд.
Стефан Роч, раиси Морган Стейнлӣ Эйша дар Ҳонг Конг, мегӯяд, "мушкил, он гуна, ки ман мебинам, бархурди чандҷониба аст, ин аст, ки механизми водорсозӣ дида намешавад. Барои равиши бад ҷарима намекунанд ва барои равиши хуб ҷоиза намедиҳанд".
Дар ҳамин ҳол, Тревор Мануэл, вазири иқтисоди Африқои Ҷанубӣ, мегӯяд, «чӣ кор метавон кард, вақте ки кишварҳо ҳама вақт аз машварати ҳамтоёни худ ва тарафҳои дигар сарфи назар мекунанд. Мо чӣ дурнамое дар чунин чандсамтӣ хоҳем дошт? Агар мо дар ҳамин марҳала ин масъаларо баррасӣ накунем, ақидаҳо дар бораи ҳамоҳангӣ, муттаасссифона, натиҷа нахоҳад дод".
Дар натиҷаи чунин бӯҳрон баъзе аз бозигарони иқтисоди ҷаҳонӣ аз ширкат дар ин маҷмаъ худро дар канор нигоҳ медоранд. Масалан, тарроҳони иқтисодии давлати Барак Обама, раисҷумҳури Амрико, аз ҷумлаи онҳо мебошанд. Чунин хабарҳо фазои ин Маҷмаъи ҷаҳонии иқтисодиро то андозае тира кардааст, ки дар 40 соли торихи ин маҷмаъ назир надоштааст.
Ин маҷмаъ соли 1971 дар осоишгоҳи кӯҳистонии Давоси Суис ташкил шуд ва созмони мустақили байнулмилалӣ дониста мешавад. Ҳадафи созмони мазкур ҷалби раҳбарон ба ҳамкороҳои сартосарӣ, минтақаӣ ва масоили санъатист. Маҷмаъи кунунӣ 5 рӯз, яъне то 1-уми феврал идома меёбад ва дар рӯзи аввал Вен Жибао ва Владимир Путин, нахуствазирони Чину Русия, суханронӣ мекунанд.
Путин аз суханронони аслии ин маҷмаъ ба шумор меравад. Суханронии вай дар ҳоле анҷом мегирад, ки бонкдорони Русия ва ғулҳои энержии ин кишвар баъд аз поин рафтани нархи нафт дар бозорҳои ҷаҳонӣ бо қарзҳои худ даст ба гиребонанд. Сипас Путин дар мунозирае ширкат мекунад, ки дар он Петер Брабек, раиси ширкати Нестле, Майкл Делл, компютерсози амрикоӣ ва Карлос Ғосн, раиси ширкати Рено-Ниссан, ҳузур хоҳанд дошт.
Дар миёни 40 раҳбари давлату ҳукумат Ангела Меркел, Гордон Браун ва Таро Асо, нахуствазирони Олмону Бритониё ва Ҷопон, низ ҳастанд, ки қарор аст дар ин маҷмаъ суханронӣ кунанд. Ин кишварҳо барои рафъи бӯҳрон садҳо миллиард доллар сарф кардаанд. Баъзе кишварҳои дигар бо ширкати худ аз маҷмаъи иқтисодии Давос кӯмакҳои моливу иқтисодӣ мехоҳанд. Масалан, Реҷеп Таийп Эрдуғон, нахуствазири Туркия, мехоҳад дар ҷараёни ин маҷмаъ бо раҳбарони Сандуқи байнулмилалии пул мулоқот ва барои рафъи мушкилоти қарзаҳо аз ин муассисаи молии ҷаҳон дархости кӯмак кунад.
Бӯҳрони иқтисодӣ ба масъалаҳои дигари муҳими иқтисодӣ, ба вижа ба масъалаҳои марбут ба минтақаҳои ҷанг, тағйири иқлим дар саросари ҷаҳон, густариши демократия, рафъи фақр ва табъизи ҷинсӣ соя афкандааст. Ҳомид Карзай, раисҷумҳури Афғонистон ва Юсуф разо Гилонӣ, нахуствазири Покистон, дар мубоҳисот ҳамроҳ хоҳанд буд ва мунозироти онҳо бештар ҷанги Афғонистон ва афзоиши таниш дар хоки Покистонро дар бар хоҳад гирифт.
Бил Гейтс, раиси собиқи Майкрософт, дар бораи талошҳо навин барои кӯмак ба фақирону камбизоъатон дархостҳое матраҳ хоҳад кард. Вай ҳамин ҳафта эълон кард, ки Бунёди хайрияи вай 20 дарсади кӯмакҳои хайрияи худро аз даст додааст ва бохти вай дар ин бӯҳрони сартосарии молӣ 35 миллиард долларро ташкил медиҳад. Рӯзи ҷумъа дар маҷлиси зиёфати "раҳбарони фарҳангӣ" Ҷет Лӣ, ситораи ҳунари синамои Чин ва Амитабҳ Баччан, ситораи Болливуд ё синамои Ҳинд, низ ҳузур хоҳанд дошт.