Музокирот Тоҷикистон ва Узбакистон барои интиқоли нерӯи барқи Туркманистон тавассути қаламрави Узбакистон аз сар гирифта мешавад.
Қарор аст ҳайати расмии Тоҷикистон бо роҳбарии Муродалӣ Алимардон, муовини сарвазири ин кишвар, дар давоми ҳафтаи равон вориди Тошканд шавад. Ҳайати давлатии Тоҷикистон дар ҳоле вориди Тошканд хоҳад шуд, ки миёни панҷ кишвари Осиёи Марказӣ дар шаҳри Алмаатои Қазоқистон дар соли гузашта як санад ба имзо расид, ки тибқи он Узбакистон муваззаф аст барои тронзити барқи Туркманистон ба Тоҷикистон шароит фароҳам кунад. Мақомоти вазорати саноат ва энержии Тоҷикистон мегӯянд дар сурати ворид нашудани барқ аз Туркманистон аз даҳ ва 15 феврал барои шаҳри Душанбе низ нерӯи барқ аз рӯи реҷа дода мешавад.
Қатъи интиқоли тронзитии нерӯи барқи Туркманистон ба Тоҷикистон аз ҷониби Узбакистон бо сабабҳои номаълум ва якҷониба сурат мегирад. Бо зикри ин матлаб Пӯлод Муҳиддинов, муовини аввали вазири саноат ва энергетикаи Тоҷикистон, афзуд, Тоҷикистон аксари шартҳое, ки Тошканд пеш гузошта буд, аз ҷумла имзои созишнома дар бораи таъйини нархи газро иҷро кард. Аз тарафи дигар Тоҷикистон барои барқи тронзитӣ аз Узбакистон қарздор нест, балки баръакс ширкати «Узэнерго» аз «Барқи тоҷик» 4 миллион доллар қарздор аст.
Муовини аввали вазири саноат ва энергетикаи Тоҷикистон ҳамчунин гуфт, ки давлати Узбакистон мухолифати худ бо сохтмони нерӯгоҳи Роғунро ошкоро эълом кардааст ва яке аз далоили ҳамвора фишор ворид кардани ин кишвар ба Тоҷикистон рӯи масоили барқ ва газ маҳз оғози корҳои сохтмонӣ дар ин нерӯгоҳ аст. Оқои Муҳиддинов афзуд, ки дар яке аз мулоқотҳои онҳо бо ҷониби Узбакистон муовини сарвазири ин кишвар ба ин масъала ишорат кард.
Қарор аст барои рафъи мушкилоти мавҷуда ҷиҳати интиқоли тронзитии нерӯи барқи Туркманистон тавассути қаламрави Узбакистон ҳайати расмии Тоҷикистон бо роҳбарии Муродалӣ Алимардон, муовини сарвазири ин кишвар, дар давоми ҳафтаи равон вориди Тошканд шавад.
Монеа дар роҳи интиқоли тронзитии барқи Туркманистон дар ҳоле сурат мегирад, ки ҳукумати Тоҷикистон реҷаи интиқоли нерӯи барқ ба аҳолӣ ва корхонаҷотро шадидтар кардааст. Аммо ин мушкил, ки тайи 15 соли ахир аҳолии кишварро дар баробари зимистони сард нотавон карда ва ҳанӯз ҳам рӯшан нест, ки кай хотима меёбад, роҳи ҳалл дорад?
Бархе аз коршинсон мегӯянд ин роҳ вуҷуд дорад. Аз ҷумла Давлати Усмон, собиқ вазири рушди иқтисоди Тоҷикистон, мегӯяд, роҳи осон ва бидуни дарди сар сохтмони нерӯгоҳҳои нисбатан кӯчак аст. Тибқи иттиллои вазорати саноат ва энергетикаи Тоҷикистон, ҳоло дар як шабонарӯз дар ин кишвар беш аз 36 миллион киловат соат нерӯи барқ истеҳол мешавад, ки 16 миллиони онро ширкати алюминиюми тоҷик масраф мекунад. Вале захоири об дар обанбори Норак ҳамарӯза дар ҳоли камшавист, аз ин рӯ ҳукумат маҷбур мешавад барои шаҳри Душанбе низ аз даҳаи аввали феврал интиқоли барқро аз рӯи реҷа ба роҳ монад.