Шоири маъруфи кӯдакон, узви Иттиҳоди нависандагони Тоҷикистон устод Наримон Бақозода даргузашт.
Шоири маъруф дар рӯзи зодрӯзи 74-умини худ аз олам чашм пӯшид.
Бо ашъори Наримон Бақозода чандин насли атфоли тоҷик ба воя расидаанд. Ба эътирофи ҳама, дар осори адиб ба дунёи кӯдак, ба олами тахайюл ва андешаи кӯдак таваҷҷӯҳи вижа дода шудааст.
Наримон Бақозода, 26 январи соли 1935 дар шаҳри Самарқанд, дар оилаи Абулато Бақозода, журналисти маъруфи "Овози тоҷик" зода шудааст. Тифлии шоир дар Самарқанд, дар гаҳвораи тамаддуни тоҷикон гузаштааст. Пас аз хатми мактаби миёна ба Душанбе омада, ва ба Донишгоҳи миллӣ дохил шудааст. Дар рӯзномаи "Тоҷикистони Советӣ", нашриёти "Ирфон", "Тоҷикфилм", маҷаллаи "Машъал" ва Кумитаи ҳимояи сулҳ ва бунёди сулҳи Тоҷикистон кор кардааст.

Нахустин шеъри шоир соли 1954 нашр шудааст. Сипас, яке пайи ҳам маҷмӯъаҳои ашъори шоир бо номҳои «Гулдара», «Шеърҳо, афсонаҳо, чистонҳо», «Сурнайчӣ», «Оши ҳалол», «Шаш ҳикояти пахта», «Дафтари мо кони панҷ», «Алифбои дилкушо», «Иди Алифбо омад» чоп шуданд.
Аз рӯи навиштаҳои шоир дар театрҳои пойтахт чандин намоишномаҳо ба саҳна гузошта шудаанд. Наримон Бақозода муаллифи нахустин операҳои кӯдаконаи тоҷикӣ ("Хонаи заргӯш-бибӣ" ва "Ҷингилапо") мебошад. Муаллифи сенарияи филми "Пули ларзон" аст.
Шоир бо унвони Корманди шоистаи фарҳанги Тоҷикистон ва як силсила нишону медалҳо сарфароз гардонида шудааст.