Таҷрубаи кишварҳои Осиёи Марказӣ намунаҳои фаровоне дорад, ки мансабдорони собиқ дар ин қаламрав чӣ гуна баъди уфтодан аз ҳарики қудрат ё равонаи зиндон ва ё маҷбур ба тарки ватан мешаванд. Умри мансаб дар ин кишварҳо метавонад дар мисоли раҳбарони аввалаш хеле тӯлонӣ ва дар мисоли бархе вузарояш хеле кӯтоҳ бошад. Ва роҳе, ки бархе аз ин вузарои собиқ баъд аз тарки мақом то зиндон ва ё то ғурбат мепаймоянд, боз ҳам кӯтоҳтар.
Қирғизистон
Омурбек Текебоев, раиси собиқи парлумони Қирғизистон ва раҳбари ҳизби мухолифи Ота-Макон дар поёни ҳафтаи гузашта дар вилояти Талос бо иттиҳоми қасди ташкили тазоҳуроти ғайриқонунӣ ва ҳифзи низ ғайриқонунии камони шикорӣ барои як шабонарӯз боздошт шуд. Соле пеш аз ҷомадони Текебоев дар Лаҳистон ҳамин тавр, чизе монанд ба маводи мухаддир ёфта буданд. Текебоев ангушти иттиҳом ба сӯи мақомоти амниятиии Қирғизистон баланд кард ва ҷанҷоли пурсарусадое бархост, ки дар ниҳоят мунҷар ба истеъфои Ҷонибек Боқиев аз мақоми муовини вазири амният шуд. Ҷонибек Боқиев, бародари Қурмонбек Боқиев, раисҷумҳури феълии Қирғизистон аст. Бародари нафаре, ки Текебоев баъд аз барканор шуданаш аз раҳбарии парлумон ҳар чӣ тундтару шадидтар интиқод мекунад.
Додситонии кулли Қирғизистон ҳамин гуна бо иттиҳомоти мухталиф ва аксаран ночиз алайҳи чанд мақоми собиқи ба мухолифин пайваста, аз ҷумла, бар зидди вазири собиқи умури хориҷӣ Аликбек Ҷекшенқулов ва вазири пешини дифоъ Исмоил Исҳоқов парвандаҳои ҷиноӣ боз кардааст. Исмоил Исҳоқов мегӯяд, ӯ аз ҷумла ба он муттаҳам мешавад, ки дар замони вазириаш барои баргузории озмуни “Қалами аскарӣ” тақрибан 1300 доллар масраф кардааст. Ба эътиқоди генерал Исҳоқов, гушоиши парвандаи ӯ бо фармоиши сиёсии хонаводаи президент Қурмонбек Боқиев сурат гирифта, президент мехоҳад аз вай барои ҳамроҳиаш ба мухолифин интиқом бигирад.
Қурмонбек Боқиев, ки дар аҳди раисҷумҳури пешини Қирғизистон Аскар Оқоев худ як муддат таҳти фишори мақомот қарор дошт ва дар натиҷаи “инқилоби лолаҳо”-и баҳори соли 2005 ба қудрат расид, акнун, ба гуфтаи таҳлилгарон, аз ҳамон шеваи ҳаддалимкон аз мухолифин холӣ кардани майдон, ки дар кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ роиҷ аст, кор мегирад. Раҷаби Мирзо, таҳлилгари тоҷик, мегӯяд, Боқиев, ки худ парвардаи низоми пешин аст, роҳи осонтарин – бо фишору таъқиб бастани забони мунаққидонашро пеш гирифтааст: “Дар мисоли Қирғизистон метавон хулоса кард, ки аз ҳеҷ як парвардаи низоми бюрократии пешин, ҳатто аз нафаре, ки ҳамеша дам аз демократия мезанад, набояд таҳаввулоти демократиро мунтазир шуд. Ин парвардаҳои замони худкома дар ниҳоят ҳатман рӯ меоранд ба низоме, ки тарбияташон додааст. Чунки дар шароити демократия ҳарчанд идораи давлат мушкил аст, вале мумкин ҳаст. Аммо парвардаҳои низоми тоталитарӣ, ки ба ин чиз одат накардаанд, аз ӯҳдаи идора намебароянд ва бармегарданд ба шеваи қадиме, ки доштанд.”
Туркманистон
Дар мавриди фишору таъқиби мансабдорони собиқ бахусус таҷрубаи Туркманистон хеле барҷаста аст. Оқмурод Гургинлӣ, хабарнигори бахши туркмании Радиои Озодӣ, мегӯяд, мансабдори туркман дар пайи барканор шуданаш аз қудрат танҳо ду интихоб дорад - ё фирор, ё зиндон: “Дар Туркманистон дар давраи диктотурии Ниёзов ва ҳам акнун мансабдорони собиқ ду роҳ бештар надоранд: Ё ҳамчун паноҳанда ба кишварҳои дигар фирор мекунанд ва ё дар дохил монда, ба зиндон андохта мешаванд. Аз онҳое, ки ба хориҷи кишвар паноҳанда шуданд, ба унвони мисол, Худойбердӣ Оразов, раиси собиқи Бонки марказии Туркманистон, ки алъон дар Шветсия аст. Муовини собиқи раиси Бонки Марказӣ Аннадурдӣ Ҳоҷиев феълан дар Булғористон ба сар мебарад. Нурмуҳаммад Ханамов, сафири собиқ дар Туркияву Исроил, ҳоло дар Австрия паноҳанда шудааст. Вале аз онҳое, ки дар дохили кишвар монданд ва зиндонӣ шуданд, яке Қурбонбибӣ Отаҷонова, собиқ додситони кулли Туркманистон аст. Ду раиси пешини парлумон Авазгелӣ Отаев ва Тоған Ҳолиев, ва ҳамин тавр, ду раҳбари пешини Хадамоти амнияти миллӣ Сафармурод Саидов ва Муҳаммад Назаров ҳастанд, ки натавонистанд аз Туркманистон фирор кунанд ва ба зиндон афканда шуданд.”
Ва ин танҳо чанде аз мавориди фаровони кунҷи зиндон рафтани мансабдорони пешин ва ё аз кишвар фирор кардани аъзои дар гузашта калидии давлатии Туркманистон будааст.
Узбакистон
Дар Узбакистон мансабдор баъд аз тарки мақом одатан гӯшанишиниро ихтиёр мекунад ва мӯҳр ба лаб мениҳад, ки мабодо хашми Тошкандро барангезад. Анъанаи дар ивази нафари фироркарда бо баҳонаҳои мухталиф ба зиндон кашонидани хешу ақрабои ӯ низ аз аҳроми фишори Тошканд аст, ки боиси чунин мӯҳтотии мансабдорони пешини узбак баъд аз тарки мансаб мешавад.
Қазоқистон
Аз Қазоқистон намунаи барҷаста сарнавишти сарвазири собиқаш Акеҷон Кожегелдин аст, ки 10 сол боз дар ғурбат ба сар мебарад. Дар соли 2001 чанд вазири собиқи қазоқ, аз ҷумла Мухтор Аблиёзов ва Ҳалимҷон Жакиянов, ба дунболи таъсиси Ҷунбиши сиёсие бо номи “Интихоби демократии Қазоқистон” ба зиндон кашида шуданд ва давлат танҳо баъди аз идомаи фаъолиятҳои сиёсӣ даст бардоштани ин гурӯҳ аз идомаи таъқиби онҳо низ даст бардошт. Ва тозатарин намуна аз Қазоқистон Роҳат Алиев, домоди собиқи раисиҷумҳур Нурсултон Назарбоев аст, ки дар пайи фирораш аз кишвар нафақат аз курсии гарми давлатӣ, балки ҳатто аз ҳамсараш – Дориға ҷудо шуд ва Остона алайҳи ӯ чанд парвандаи ҷиноӣ боз карда, таҳти пайгарди байналмилалӣ низ қарораш дод.
Тоҷикистон
Таърихи навини Тоҷикистон низ чандин мавриди аз курсии роҳати мансаб ба кунҷи зиндон рафтани мансабдорони дар гузашта баландпояро ёд дорад.
Генерал Ёқуб Салимов, вазири пешини умури дохила ва раиси собиқи кумитаи гумрук, дар пайи барканор шуданаш аз қудрат чанд солро дар хориҷ, дар ҳоли фирор ба сар бурд, баъдан дар Маскав боздошт ва ба Душанбе мустарид шуд ва ҳоло адои 15 сол ҳукми зиндон мекунад.
Генерали дигар Ғаффор Мирзоев, ки ҳамроҳ бо Ёқуб Салимов дар амри ба сари қудрат овардани ҳукумати кунунӣ нақши муҳим бозӣ кардааст, то маҳкум ба зиндони умрбод шуданаш фармондеҳии Горди раёсатҷумҳурӣ ва як муддат раёсати ожонси мубориза бо қочоқи маводи мухаддирро бар дӯш дошт.
Абдумалик Абдуллоҷонов, Абдуҷалил Самадов ва Ҷамшед Каримов, се сарвазири собиқи Тоҷикистон, баъди барканорӣ тарки ватан карданд ва ду нафари онҳо дар ғурбат аз дунё гузашт.
Фиреби демократия?
Таҳлилгарон мегӯянд, фасод низ омилест, ки роҳро барои чунин сарнавишти мансабдорони собиқ боз мекунад. Яъне, давлатҳои минтақа то замоне, ки корашон меояд, аз фасодкории ин ё он мақом гӯё чашм мепӯшанд. Вале парвандаи ин мақом то замоне дар бойгониҳо чанг хӯрда, мехобад, ки ӯ аз хатти барояш кашидаи давлатдорон пой ба берун наниҳад. Ва нахустин аломати азми исён ва мухолифат бо давлат карданаш кофист, ки он парвандаи чангзадаро берун кашида, бо дасти додситонӣ ба пешонии он мансабдор бизананд.
Таҳлилгари тоҷик Раҷаби Мирзо мегӯяд: “Ин ҳама аслан як навъи фиреби демократия аст. Дар кишварҳои пасошӯравӣ, бахусус дар Осиёи Марказӣ, дар ин бозии фиреб баъзан бархе аз ҳамтабақҳо низ меафтанд. Дар ин бозиҳо аксаран онҳое қурбон мешаванд, ки дар амри ба сари қудрат овардани раҳбари кишвар мусоидат кардаанд. Ва аксари вақт худи қудрат доштан ҳам дар ин гуна кишварҳо ба коре хатарнок табдил ёфтааст. Дар кишварҳои демократӣ муборизаҳои сиёсӣ ба таври ошкоро сурат мегирад, вале дар кишварҳои худкома, мутаассифона, муборизаҳо одатан дар дохили қасри ҳоким мегузаранд.”
Ба эътиқоди таҳлилгарон, чунин сурати ҳол дар Осиёи Марказӣ то замоне барҷой хоҳад монд, ки ношаффофии фаъолиятҳои давлат дарро барои сӯиистифода аз мансаб боқӣ мегузорад. Онҳо мегӯянд, тақсири худи низомҳои ҳоким дар минтақа ҳам аст, ки арзишҳои демократиро фақат зоҳиран пазируфта, дар асл ба ҳамон шеваҳои худкома ва қисман мероси даврони шӯравӣ ҳукм меронанд. Албатта, бо андаке ислоҳ ва таҳрири хеле рӯякии он шеваҳо, ки вобаста ба талаботи замони нав каме модернтараш мекунад. Аммо дар чархи осиёби сиёсатҳои вақт орд шудани мансабдорони собиқ ва фосилаи кӯтоҳи байни курсии гарм ва кунҷи зиндон ва ё азоби ғурбат воқеъиятест, ки саҳнаҳои қудрат дар Осиёи Марказиро то хеле солҳои дигар ҳамоно зеб хоҳад дод.