Охирин сарбози Исроил Ғаззаро тарк кард

Артиши Исроил мегӯяд, имрӯз охирин сарбози худро аз Навори Ғазза хориҷ кардааст.
Баъди эъломи якҷонибаи оташбас Исроил, рӯзи якшанбе ба ихроҷи нерӯҳояш аз Ғазза шурӯъ намуд. Созмони Ҳамос, ки Исроил се ҳафта ба зидди он ҷангид, чанд соат баъд аз оташбаси Исроил оташбаси якҷониба эълом кард.

Дар ҷараёни амалиёти Исроил, ки 27 декабр оғоз ёфт, 1300 нафар фаластинӣ кушта шуданд. Давлати Исроил мегӯяд, амалиёти мазкур ба хотири рафъи ҳамлаҳои мушакии Ҳамос ба қаламрави он кишвар буд.

Сенздаҳ исроилӣ дар ҷараёни ҷангҳо ва ё мушакандозиҳо ба ҳалокат расиданд. Артиши Исроил мегӯяд, сарбозони худро дар хориҷ аз Навори Ғазза мустақар кардааст ва онҳо “барои ҳаргуна иттифоқот омодаанд.”