Дар Вошингтон охирин омодагиҳо ба маросими савгандёдкунии раисиҷумҳури нави Иёлоти Муттаҳида Барак Обама гирифта мешаванд. Ин маросим имрӯз дар Вошингтон баргузор хоҳад шуд. Интизор меравад, ки дар ин маросим то 2 миллион нафар ширкат кунанд. Дар пойтахти ИМА аз чораҳои бесобиқа шадиди амниятӣ кор гирифта шудааст – ҳазорон кормандони полис ва горди миллӣ хиёбонҳо, ҳарими ҳавоӣ ва марзҳои баҳриро таҳти назорат гирифтаанд.