"Тесак" 3 сол ҳукми зиндон гирифт

Як додгоҳи шаҳри Маскав ахиран ду узви як гурӯҳи қавмгароро бо ҷурми таҳия ва нашри навори саҳнасозишудаи "қатл"-и як шаҳрванди Тоҷикистон бо иттиҳоми қочоқи маводи мухаддир маҳкум кард. Максим Мартсинкевич, мулаққаб ба “Тесак”, ё худ “Корди қассобӣ”, ба 3,5 соли зиндон ва шарики ӯ Артём Зуев ба 3 соли маҳрумияти шартӣ маҳкум шуданд. Мартсинкевич ду сол қабл бо ҷурми таблиғи ақидаҳои қавмгароӣ се сол ҳукми шартӣ гирифта буд, вале ин бор дар воқеъ равонаи зиндон мешавад.