Буш бо Амрико хайрухуш мекунад

Президенти Иёлоти Муттаҳида, Ҷорҷ Буш, имшаб, панҷ рӯз пеш аз анҷоми давраи раёсаташ, ба мардуми Амрико худоҳофизӣ мекунад. Ин охирин паёми ӯ дар мақоми раисиҷумҳури Амрико ба мардум хоҳад буд. 20-уми январ Буш Кохи Сафедро ба президенти мунтахаби Амрико, Барак Обама, месупорад. Пеш аз паёми падруд Буш дар Вазорати умури хориҷии Амрико аз дастовардҳои сиёсати хориҷии худ сӯҳбат хоҳад кард.