Масъулини осорхони кишваршиносии Бадахшон дар ҷараёни нишасти хабарӣ изҳори нигаронӣ карданд, ки ба қариб ду ҳазор номгўи нигораҳо ва ёдгориҳои бостонии осорхона хатари нобудшавӣ таҳдид мекунад.
Ходими осорхона Чарсемак Чарсемаков гуфт, вайроншавии нигораҳо ва экспонатҳо бар асари набуди шароити нигаҳдорӣ ва рутубат дар утоқҳо ва толорҳои осорхона ба вуҷуд омадааст. Вай баён дошт, мусаввараҳо, ҳуҷҷатҳо, намунаҳои маҳсулоти ҳунармандӣ, муҷассамаҳо ва намунаҳои дигари осори этнографӣ муштамили номгӯе мебошанд, ки ба барқароркунӣ ва ҳифозат ниёз доранд.
Чарсемак Чарсемаков баён дошт, ки бинобар адами шароити нигаҳдорӣ ва тангии ҷой осорхона ҳамчунин қабули ҳуҷҷатҳои таърихиро аз шаҳрвандон ва идораҳо қатъ намудааст. Вай гуфт, ки тайи соли равон ба осорхона 17 номгӯй экспонат дохил шуд, ки аз сумкаи чармини занонаи мутааллиқи асри XVII, дасгоҳҳои аккосии чӯбини солҳои 40-уми асри гузашта ва кӯзаҳои сафолину мисин иборат будааст. Ба гуфтаи ходими осорхона, ҳамчунин ба ғайр аз 65 мусаввара, ки дар толор ба намоиш гузошта шудаанд, бештарашон ҷиҳати набудани ҷой дар як утоқи танг болои ҳам хобидаанд, ки ин хилофи меъёри нигаҳдории осори таърихӣ-кишваршиносӣ арзёбӣ мешавад.
Осорхонаи таърихӣ- кишваршиносӣ чанд сол қабл дар бинои собиқ комиҷроияи вилоят ҷой дода шуд, аммо калиди бархе аз утоқҳо дар ихтёри идорот ва муассисаҳои дигар гузошта шуд. Масъулини осорхона навсозии бинои он ва ё васеъкуниашро аз ҳисоби утоқҳои муассисаҳои ҳамшафат ва насби асбобҳои гармкунии махсусро чораи ягонаи ҳифзи нигораҳо ва ёдгориҳои бостонӣ мешуморанд.
Аммо масъулини фарҳанги вилоят мегўянд, ки алҳол навсозии театри Хоруғ идома дошта, моҳи апрел иҷрои як қарори ҳукумати ҷумҳурӣ дар мавриди ҳолати ҳифозати ёдгориҳои бостонӣ дар иҷлосияи Маҷлиси вакилони халқии вилоят баррасӣ мешавад ва ба мушкилоти осорхонаи бостоншиносии минтақа низ таваҷҷўҳ зоҳир хоҳад шуд. Чанд сол қабл аз бунёди захираи назди раисҷумҳур барои осорхона 50 ҳазор сомонӣ ихтисос дода шуда, ба гуфтаи масъулини осорхона, он танҳо барои таъмири утоқҳои корӣ ва толорҳои намоишӣ масраф шудааст.
Дар осорхони Бадахшон наздик ба 8 ҳазор экспонат маҳфуз дошта мешаванд. Тайи соли 2008 аз осорхона наздики 4 ҳазор нафар ба шумули 93 табаъаи хориҷи кишвар дидан намудаанд.