Талошҳо барои нигаҳдошти қурби сомонӣ

Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон бо иттифоқи раъйҳо, «Дурнамои самтҳои асосии сиёсати пуливу қарзии Тоҷикистон барои соли 2009»-ро ба тасвиб расонд.
Гуфта шуд, ин санад бо назардошти паёмади бӯҳрони молиявии ҷаҳонӣ ва идомаёбии ин раванд, ки ба иқтисоди Тоҷикистон низ асароти номатлуб боқӣ гузоштааст, таҳия шудааст. Ин дурнамо аз чаҳор қисм таркиб ёфта, қисми аввали он вазъи макроиқтисодӣ, қисми дуввум иҷрои сиёсати пулӣ ва ниҳоят дурнамо ва пешбиниҳо барои соли 2009-ро фаро гирифтааст. Бар асоси ин ҳуҷҷат, барои гардиши озоди арзҳои хориҷӣ як қатор маҳдудиятҳо ҷорӣ шуда, ва дар муомилоти дохилӣ танҳо истифода аз пули миллӣ иҷоза дода хоҳад шуд

Шариф Раҳимзода, раиси Бонки миллии Тоҷикистон, ки ин санадро ба вакилон тавзеҳ мекард, гуфт, дар натиҷаи бӯҳрони молиявии ҷаҳонӣ қурби пули миллӣ дар баробари арзҳои хориҷӣ коҳиш ёфт. Оқои Раҳимзода гуфт, ин раванд махсусан дар ду моҳи ахири соли 2008 ба далели коҳиши воридоти асъор аз хориҷ ва поин омадани нархи ду маҳсулоти умдаи содиротии кишвар - пахта ва алюминиюм дар бозори ҷаҳонӣ бештар мушоҳида шуд. Раиси Бонки миллии Тоҷикистон гуфт, барои устувории қурби пули миллӣ ва ҳифзи қобилияти муомилотии он дар бозор бархе тадбирҳо рӯи даст гирифта шудааст. Оқои Раҳимзода гуфт, аз ҷумлаи ин тадобир ҷорӣ кардани маҳдудият барои гардиши озоди арзҳои хориҷӣ дар кишвар аст.

Ба бовари бархе аз коршиносон, ҷорӣ кардани маҳдудият барои гардиши арзҳои хориҷӣ ба манзури устувории пули миллӣ як иқдоми амалишаванда нест. Давлат Усмон, иқтисодшиноси тоҷик мегӯяд, имрӯз иқтисоди кишвар барои анҷоми чунин тадбир омода нест ва аз сӯи дигар мардум ба арзи миллӣ эътимоди камтар доранд.

Дар ҳамин ҳол, Муҳиддин Кабирӣ, вакил аз Ҳизби наҳзати исломииТоҷикистон бо изҳори тааҷҷуб аз болоравии 11 дарсади мизони таваррум, вале бетағйир боқӣ мондани қурби пули миллӣ ин суолро матраҳ кард ,ки ба таври маснӯъӣ нигоҳ доштани баҳои сомонӣ чи пайомад дошта метавонад? Раиси Бонки миллии Тоҷикистон посух дод, ки имрӯз Тоҷикистон дар марҳалаи гузариш қарор дорад. Ва як қатор қавонин ва тадобири иқтисодӣ ва молиявии кишварро бо шароити иқтисоди озод бояд мутобиқ ва дар бархеи онҳо ислоҳот ворид карда шавад. Аммо, афзуд оқои Раҳимзода, ба хотири ҳифзи қурби миллӣ ва таъйини баҳои воқеии ҳамкорӣ бо кишварҳои асосие, ки аз онҳо маҳсулот ворид мешавад, дар ин замина ба роҳ монда шудааст.