Шиносоии ҳувияти қурбониёни фоҷеаи Маскав

Кӯчаи Приволнаяи Маскав, ки макони марги ҳафт муҳоҷири тоҷик гардид

Ҳувияти ҳафт муҳоҷири тоҷик, ки дар Маскав дар як сӯхтор ҷони худро аз даст доданд, шиносоӣ гардидааст.
Фоҷеа зӯҳри рӯзи 13-уми январ дар як мошинхонаи зеризаминӣ дар минтақаи ҷанубу шарқии Маскав рух дода буд ва ҳафт муҳоҷири тоҷикро кушта бар ҷой гузошт. Ҳувияти фавтидагон низ шиносоӣ шудааст ва инҳо мебошанд:

Ҷамолиддин Бобоев, соли таваллудаш 1987, сокини шаҳраки Ваҳдат
Саидҷон Мӯсоев, соли таваллудаш 1989, сокини шаҳраки Ваҳдат
Сангалӣ Назаров, соли таваллудаш 1986, сокини шаҳраки Ваҳдат
Соҳиб Мирзошарифов, соли таваллудаш 1989, сокини ноҳияи Ҷомӣ
Фарҳод Қулов, соли таваллудаш 1986, сокини ноҳияи Ҷомӣ
Аминҷон Бангиев, соли таваллудаш 1989, сокини ноҳияи Ҷомӣ
Ҷамшед Солиев, соли таваллудаш 1988, сокини ноҳияи Рӯдакӣ

Намояндаи расмии сафорати Тоҷикистон дар Маскав, Салими Хатлонӣ, гуфт, намояндагони сафорати Тоҷикистон дар маҳалли фоҷеа ба таҳқиқи ҳодиса машғул ҳастанд ва сафорат барои фиристодани ҷасадҳои ҳалокшудагон ба ватан омодагӣ мегирад.

Лозим ба ёдоварист, ки ҳар зимистон дар Русия даҳҳо муҳоҷирони тоҷик дар оташсӯзиҳои ғайричашмдошт ҷони худро аз даст медиҳанд. Дар зимистони қаҳратуни соли 2007 дар хобгоҳи чубини як анбори меваҷот 12 нафар тоҷикон бо шумули занону кӯдакон ва дар як кулбаи чубини дигар 4 нафар ҷавонмардони тоҷик ҳалок шудаанд.

Аз нигоҳи коршиносон сабаби ҳалокатҳои мутааддиди муҳоҷирони корӣ дар Русия надоштани имкони зиндагии шоистаи ҳуқуқӣ дар ин сарзамин аст.