Садриддин Тошев, собиқ размандаи Иттиҳоди нерӯҳои мухолифин ва маҳбуси зиндони рақами аввали Душанбе, ба нишони эътироз аз “беадолатиҳо”-и маъмурони зиндон даст ба гуруснанишинӣ задааст.
Вай дар номае ба номи раисҷумҳури Тоҷикистон ва расонаҳои дохиливу хориҷӣ навиштааст, ки ӯро танҳо ба ҷурми размандаи Иттиҳоди нерӯҳои мухолифин буданаш ба бисту панҷ соли зиндон маҳкум карда, фишору шиканҷаро раво дидаанд, ки осори ин ҳама дар бадани ӯ мавҷуд аст. Садриддин Тошев дар номаи худ ба унвони Эмомалӣ Раҳмон парвандаашро “бофта” ва мурофиаи додгоҳиро ғайриқонуниву беадолатона донистааст.
Ҳуснорои Аҳмад, модари Садриддин Тошев ва раҳбари созмони “Орзу”, мегӯяд, фарзанди ӯ ва 82 ҷавони дигарро ҳашт сол пеш бо иттиҳоми узвият дар гурӯҳи мусаллаҳи Раҳмон Сангинов, мулаққаб ба “Раҳмон Гитлер” зиндонӣ карда буданд. Ин зани солманд мегӯяд, бо вуҷуди муроҷиати бештари онҳо ба мақомот, дар афвҳои қаблан эъломшуда на танҳо аз гуноҳи фарзанди ӯ нагузаштаанд, балки муҷозоташро сабук ҳам накардаанд.
Аммо Баҳром Абдулҳақов, муовини раиси Идораи умури зиндонҳои вазорати адлияи Тоҷикистон, хабари гуруснанишинии ин размандаи собиқи Иттиҳоди нерӯҳои мухолифинро рад кард ва гуфт, ки Садриддин Тошев сиҳату саломат дар зиндон мӯҳлати ҷазои худро адо мекунад. Ҷаноби Абдулҳақов гуфт, Садриддин Тошев маҳбуси сиёсӣ нест ва барои табаҳкорӣ, ғоратгарӣ, қатл ва гаравгон гирифтан дар зиндон нишастааст, на барои он ки замоне узви Иттиҳоди нерӯҳои оппозитсиюн буд.
Соли гузашта Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, ва Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода, узви Маҷлиси Миллӣ, бо навиштани номае аз раисҷумҳур Раҳмон хостори авфи собиқ размандагони нерӯҳои мухолифин шуданд. Вале онҳо мегӯянд, қонуни авф тарзе қабул шуд, ки ба бештари размандагоне, ки теъдодашон тақрибан чорсад нафар буда, ҳоли ҳозир дар зиндонҳо ба сар мебаранд, татбиқ нашуд.
Сергей Романов, як масъули Дафтари ҳуқуқи башар дар Душанбе, мегӯяд, борҳо ба унвони созмони онҳо низ аз номи собиқ размандагони Иттиҳоди нерӯҳои оппозитсиюн номаи шикоятӣ расидааст. Вале ба далели ин ки онҳо наметавонанд бо размандагони собиқи зиндонӣ озодона сӯҳбатҳо ва пурсишҳо анҷом диҳанд, дар ҳалли ин мушкил бо ду дасти холӣ мондаанд.
Созмони байнулмилалии Салиби Сурх низ ба дархосташ барои боздид аз зиндонҳои Тоҷикистон аз тарафи мақомоти расмӣ посухи мусбат дарёфт карда наметавонад. Мақомоти Тоҷикистон ҳам то ҳанӯз рӯшан нагуфтаанд, ки ба чӣ далеле онҳо мухолифи боздиди Салиби Сурх аз зиндонҳои кишваранд.