Ҳалокати боз як сарбози Бритониё дар Ҳилманд

Вазорати дифоъи Бритониё мегӯяд, бар асари таркиши як бомба дар вилояти Ҳилманди Афғонистон як сарбози бритониёӣ кушта шудааст. Бо ҳалокати ин сарбоз шумораи ҳарбиёни дар Афғонистон кушташудаи Бритониё аз оғози амалиёти зидди Толибон дар ин кишвар дар соли 2001 ба 138 нафар расид.