Субҳи имрӯз, 31-уми декабр, дар дафтари марказии ҲНИТ дар шаҳри Душанбе ҳамоиши ҳамдилӣ бо мардуми Фаластин баргузор гардид, ки дар он наздики ҳазор нафар ширкат карданд.
Дар ҳамоиш Ҳоҷи Акбар Тураҷонзода, узви Маҷлиси Миллӣ, Муҳддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон суханронӣ карданд ва аз ҳамлаҳои Исроил ба Навори Ғазза изҳори нигаронӣ карданд. Ширкаткунандагони гирдиҳамоӣ як сандуқи хайрия барои мардуми Фаластин ташкил доданд, ки гуфта мешавад, дар он беш аз 8 ҳазор сомонӣ ҷамъ шудааст.
Дар ин ҳамоиши эътирозӣ намояндагони сафоратҳои ду кишвари хориҷӣ – Афғонистон ва Эрон ширкат намуданд.
Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ҳамзамон дар робита ба вазъи Ховари Миёна қатъномае пахш кардааст, ки дар он аз ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон даъват шудааст, ки «амалҳои ҷинояткоронаи Исроилро маҳкум намуда, бояд ҳамдилии худро бо миллати ҷафокашидаи Фаластин эълон намояд. Дар қатънома ҳамчунин аз расонаҳои хабарии давлатии кишвар хоҳиш шудааст, ки қазияро мунсифона инъикос намуда, аз такрори куркурона ва мавқеъгириҳои муғризонаи баъзе расонаҳои хабарии манфиатдор худдорӣ намоянд».
Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ҳамчунин аз созмонҳои байнулмилалӣ ва ҳукуматҳои кишварҳои ғарбӣ қотеъона талаб кардаат, «ба раъйи мардуми Фаластин эҳтиром қоил шаванд ва аз сиёсати духурагӣ ва дугонагӣ нисбат ба олами ислом даст бардоранд».