Чаҳорумин рӯзи ҳамлаҳо болои Ғазза

Чор рӯз инҷониб ҳамлаҳои ҳавоии Исроил болои пойгоҳҳои ҳаракати Ҳамос дар минтақаи Ғазза идома доранд. Дар навбати худ ҷангҷӯёни Ҳамос ба тарафи Исроил садҳо мушакро партоб намуда, фаластиниҳоро ба қиём даъват кардаанд. Дар ин байн шумораи қурбониҳои ин низоъ рӯ ба афзоиш ниҳодааст.
Муовини вазири мудофиаи Исроил Матан Вилнай мегӯяд, кишвараш омодааст бар зидди Ҳамос иқдом намуда, то замони рафъи таҳдид ба ҳаёти исроилиҳо аз ҳамлаҳои мушакии ҷангҷӯёни фаластинӣ онро пеш барад. Дар сӯҳбат бо хабарнигорон Вилнай иброз дошт, ки Исроил мехоҳад дар вазъи амниятии манотиқи ҷанубии ин кишвар як тағйири зербиноӣ амалӣ намояд, яъне ҳадаф дорад ё пешвоёни Ҳамосро аз қудрат дур кунад ва ё таъсири онҳоро аз байн бубарад. Вазири амнияти Исроил Авӣ Дихтер ҳам ин фикрро тасдиқ кардааст.

Дар назди марзи минтақаи Ғазза таҷаммуи нерӯҳои исроилӣ ба қайд гирифта шудааст. Шореҳон тахмин мекунанд, ки дар паи ҳамлаҳои ҳавоӣ амалиёти заминии сарбозони исроилӣ дар Ғазза оғоз меёбад.

Ҳамос аз ҳамаи пайравонаш даъват кардааст, ки ҳамлаҳоро идома диҳанд. Дар сӯҳбат бо хабаргузории Рейтерс сухангӯи Ҳамос Фавзӣ Барҳум аз фаластиниҳо хостааст, ки бо тамоми василаҳои имконпазир, аз ҷумла ҳамлаҳои маргталабона бар зидди Исроил муқовимат кунанд.

Нисфирӯзии сешанбе ходимони беҳдоштии Ғазза иттилоъ доданд, ки бар асари ҳамлаҳо тахминан 360 нафар ба ҳалокат расидаанд. СММ таъкид кардааст, ки дар ин миён камаш 60 зану кӯдак ба ҳалокат расидаанд.

Дабири кулли СММ Бан Ки-мун ҳар ду ҷониби низоъро маҳкум намуда, аз ҷомеаи ҷаҳонӣ хост, то дар хатми хушунат саҳми бештар гирад.

То кунун ҳеҷ кӯшиши дипломатии ҳалли низоъ ба чашм намехӯрад. Муттафиқи калидии Исроил ИМА аз фавти мардуми осоишта изҳори нигаронӣ намуд, вале афзуд, сабаби амалиёти низомии Исроилро дарк мекунад. Кишварҳои арабии Миср, Урдун ва Арабистони Саудӣ мавқеи муътадил ихтиёр намудаанд. Дар баъзе кишварҳои аврупоиву исломӣ, ва аз ҷумла, Эрон, раҳпаймоиҳои тарафдорони фаластиниҳо барпо шуданд. Ба қавли хабарнигорон, рӯзи душанбе бузургтарин гирдиҳамоӣ ба ҷонибдорӣ аз фаластиниҳо дар Бейрут доир шуд. Раҳбари Ҳизбуллоҳ Ҳасани Насруллоҳ дар паёме ба даҳҳо иштирокчии ҷамъомад гуфт, ҳамон гуна, ки соли 2006-ум дар ҷануби Лубнон қиёми Исроил бар зидди Ҳизбуллоҳ ноком шуда буд, ҳоло ҳам амалиёташ дар муқобили Ҳамос бесамар ба анҷом мерасад.

Зимнан баъзе раҳбарони исроилӣ низ бар ҳамин назаранд. Дар сӯҳбат бо радиои Исроил вазири зербино ё худ инфраструктураи ин кишвар Бенямин Бен Элизер гуфт, ӯ эътимод надорад, ки амалиёти ҳозираи артиши Исроил ба маҳви комили Ҳамос муваффақ шавад.