Сарнавишти Шаҳло метавонад баёнгари ҳаёти садҳо ҳазор занони дигари сокини Тоҷикистон бошад.
Шаҳло Раҳимова, як сокини 38-солаи ноҳияи Ҳамадонӣ (воқеъ дар минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон) аст. Ба гуфтаи ӯ, шуғли аслиаш кишоварзӣ буда, имсол низ ҳамроҳи ҳамсояҳояш дар маъракаи пахтачинӣ иштирок кардааст. Шавҳари Шаҳло, ҳарчанд аслан омӯзгор мебошад, аммо маҷбур аст ҳар сол ҷиҳати мардикорӣ ба Русия биравад. Ӯ, аз он ки ҳамсараш ӯву чаҳор фарзандашро фаромӯш накарда, муттасил барояшон пул мефиристад, хеле розӣ аст. Шаҳло Раҳимова орзу дорад, ки писари 15-солааш калон шуда, ба мактаби олӣ дохил шавад ва ҳеч гоҳ мисли падараш ба муҳоҷират наравад.
Ҷомиъашиносон бар инанд, ки сарнавишти Шаҳло метавонад баёнгари ҳаёти садҳо ҳазор занони дигари сокини Тоҷикистон бошад. Дар ҳамин ҳол, солҳои ахир дар канори ин занҳо сафи занҳое ҳам зиёд мешавад, ки худ роҳи муҳоҷиратро пеша карда, дар қатори мардон дар Русияву Қазоқистон кор мекунанд.
Тибқи таҳқиқоти имсолаи созмонҳои ҷамъиятии Тоҷикистон, аз шумори умумии муҳоҷирони корӣ имсол 15 дарсадашонро занону духтарон ташкил додаанд. Музаффар Олимов, аз маркази назархоҳии "Шарқ", инро чун як мушкили хосси занони Тоҷикистон дар соли ҷорӣ таъкид мекунад ва вазъи занҳоро дар шароити кунунӣ хеле дандоншикан меномад. Ҷаноби Олимов мегӯяд, солҳои ахир, аз рӯи баъзе маълумот, миқдори муайяни занҳо низ ба муҳоҷират рафта, дар хориҷи кишвар кор карданд. Дар натиҷа, меафзояд Музаффар Олимов, дар соли 2008 занҳои бештар бо мушкилоти мисли пайдо кардани ҷои кор, дарёфти шуғл аз рӯи ихтисос, гирифтани маълумот рӯбарӯ шудаанд. Илова бар ин, мегӯяд ӯ, болоравии қиматҳо дар бозор ҳарчи бештар ба ҳаёт ва вазъи иҷтимоъии хонаводаҳо, ба вижа занҳо, таъсир кардааст.
Ба бовари таҳлилгарони масоъили иҷтимоъӣ, масъалаи дигаре, ки гиребонгири занҳои зиёди кишвар шудааст, ин азҳампошидагиии хонаводаҳо, афзоиши танфурӯшӣ ва бисёрҳамсарӣ ба ҳисоб меравад. Пастравии сатҳи маънавии ҷомиъа ва аз сӯи дигар, афзун будани шумори занон нисбат ба мардон ва дар мавқеъи бештар дастнигар будани занон боъиси бештар шудани ин мушкилот мешавад. Хадича Ҳасанова, зани 70-солае дар шаҳраки Ғарм мисоли равшани ин гуфтаҳост, ки баъди дар Русия ҳалок шудани домодаш духтарашро бо 5 фарзандаш дар хонаи худ ҷо кардааст ва ҳамакнун бо мушкилоти хеле зиёди иқтисодӣ рӯбарӯ шудааст.
Мояи аслии нигаронии шуморе аз фаъъолони ҷамъиятӣ қабл аз ҳама таҳсил ва аз маъориф дур шудани духтарҳо будааст, ки ба иллати амиқрафти буҳрони иҷтимоъиву иқтисодӣ дар ҷомиъаи кишвар афзоиш меёбад. Коршиносе сабаби ин ҳамаро дар адами муассирии барномаҳои давлатӣ дар ин самт дида, мегӯяд, занони арзанда ва сазовор ба ҳукумат роҳ намеёбанд, ва он 17 фоиз занҳое, ки дар порлумон ҳастанд, кореро анҷом дода наметавонанд, "чунки вақте одам ба тариқи фармоишӣ ба вазифа даст ёфт, вай дигар дар андешаву афкораш озод нест".
Вазъи занон дар шаҳрҳо ва ба вижа дар пойтахти Тоҷикистон, албатта, андак тафовут дорад: ин ҷо имкони занон барои ширкат дар ҳаёти ҷамъиятиву сиёсии кишвар нисбатан бештар аст, аммо бо ин вуҷуд, фаъъолиятҳои онҳо ғолибан бо маҳфилҳои мубоҳисавиву ҳамоишҳо маҳдуд мешаваду халос. Раҳбари созмони ғайридавлатии "Зан – интихобкунанда" Раъно Охунова мегӯяд, дар ҷомиъа занҳои зиёди аз лиҳози сиёсӣ фаъъолро медонад, ки узви ҳизбҳо мебошанд, аммо роҳёбии онҳо ба сохторҳои давлатӣ корест басо мушкил ва имрӯз аз рӯи ҳисобҳои онҳо дар порлумон ва дар мақомоти раҳбарикунандаи давлатӣ дар сатҳи ҷумҳуриявиву маҳаллӣ танҳо аз 17 то 22 дарсадро занон ташкил медиҳанд. Вай мегӯяд, дар соли гузашта баъди нав шудани қонун оид ба созмонҳои ҷамъиятии кишвар шумори ташкилоти ҷамъиятии занон низ ду баробар кам шуд ва аз 3000 ба тақрибан 1500 расид.
Ҳарамгули Қодир, хабарнигори ҷавонест, ки дар соли 2008 бо матолиби зиёди баҳсбарангезаш дар нашрияҳо таваҷҷӯҳи аҳли ҷомиъаро ба масоъили духтарону занон ва фаъъолияти гурӯҳҳои мазҳабӣ зиёд ҷалб кардааст. Вай низ бо танқид аз ширкати нокофӣ ва хеле заъифи занон дар тасмимгириҳои сиёсии кишвараш мегӯяд, ки орзу дорад зани тоҷикро мустақил, фурӯтан ва дар айни замон худшинос ва худдифоъ бубинад.
Шаҳло Раҳимова, аз ноҳияи Ҳамадонӣ, ки вазифаи аслии худро дар тарбияи шоистаи фарзандонаш мебинад, дар бораи чӣ орзу мекунад? Вақте ин суъолро ба ӯ додем, нахуст ӯ хеле сукут кард ва ниҳоят гуфт, ки шояд ҳар як модари тоҷик онро мегуфт: "Аввал тани сиҳҳати кӯдакома мехоҳам. Мехоҳам, ки фарзандонам дар мактабҳои хуб бихонанд. Худо, илоҳо, дар ҳамин ҷоҳо ҷои кор шаваду мардҳои мо дар ҳамин ватан ҷои кор биёбанд. Барои худам чӣ орзу кунам? Хайр, худо тани сиҳҳатам бидиҳаду дигар…"