Беларус аз Амрико 5 миллиард $ қарз хоҳад пурсид

Раисиҷумҳури Беларус Аляксандр Лукашенка гуфт, ки мехоҳад аз Амрико ба хотири беҳбуди вазъи иқтисоди кишвараш 5 миллиард доллар қарз бипурсад. Лукашенка дар сӯҳбат бо телевизиони давлатии Беларус гуфт, чандон умедвор нест, ки ин дархости ӯ бароварда шавад, вале мутмаин ҳаст, ки Сандуқи байналмилалии пул ба Беларус 2 миллиард қарз хоҳад дод. Ба гуфтаи мақомоти Минск, Русия низ алакай розӣ шудааст, ба Беларус 2 миллиард доллар қарз бидиҳад.