19-уми декабр дар осоишгоҳи Боровой, воқеъ дар вилояти Акмолаи Қазоқистон, нишасти ғайрирасмии сарони кишварҳои узви Иттиҳоди давлатҳои мустақил оғоз гардид.
Ба ин нишаст раисони ҷумҳури Арманистон, Белорус, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон ва Туркманистону Ӯзбакистон даъват шуда буданд. Вале то нимарӯзи 19 декабр, тавре дар сӯҳбати телефонӣ бо радиои «Озодӣ» Илёс Умаров, сухангӯи Вазорати хориҷаи Қазоқистон гуфт, ширкати хешро Ӯзбакистону Туркманистон таьйид накарданд.
Ба гуфтаи оқои Умаров, аввалин шуда ба фурудгоҳи шаҳри Кокшетав ҳавопаймои Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон фуруд омад ва сарвари Тоҷикистонро Мухтор Қулмуҳаммад, вазири иттилоот ва фарҳанги Қазоқистон пазируфт. Сипас, раисони ҷумҳури Арманистон Серж Саркисян, Қирғизистон Қурмонбек Боқиев ва Русия Дмитрий Медведев вориди Қазоқистон шуданд.
Нишасти навбатӣ мулоқотест, ки дар он шумораи ками кишварҳо ширкат мекунанд. Қаблан, дар баъзе Саммитҳои ғайрирасмӣ то 11 кишвари Иттиҳоди давлатҳои мустақил ширкат мекарданд ва бо гузашти солҳо баъзе кишварҳо мисли Гурҷистон ва Укроин аз иштирок даст кашиданд. Ҳамчунин дар ин нишаст Молдова ва Озарбойҷон низ даъват нашуданд.
Ин нишасти сарони кишварҳои ИДМ нишасти ғайрирасмист ва дар он ягон ҳуҷҷати расмӣ ва ё қарордод ба имзо намерасад. Вале, тавре дар иттилоияи Вазорати хориҷаи Қазоқистон омадааст, интизор меравад, дар нишаст табодули назар дар масоили доғи рушди ҳамкориҳои минтақавӣ ва ҳамчунин мушкилоти марбут ба бӯҳрони ҷаҳонии молӣ сурат бигирад ва дар ин мулоқот роҳҳои пайдо кардани тадобири имконпазир барои рафъи вазъи бӯҳронӣ ва ҷилавгирӣ аз вусъати он дар минтақа баррасӣ гардад. Бар илова, сарони кишварҳои ИДМ вазъи минтақаро дар робита ба амнияти ҳарбию сиёсӣ ва мубориза бо хатару таҳдидҳо баррасӣ хоҳанд кард.
Бӯҳрони ҷаҳонии молӣ, ба гуфтаи коршиносон, дар назди ҳар як кишвари ИДМ масоили доғ ва ба истилоҳ нуқтаҳои дардовареро гузоштааст, ки онро дар навбати аввал бояд ҳаллу фасл кард. Яке аз чунин масъалаи муҳим, тавре сиёсатшинос Досим Сатпаев мегӯяд, барои Тоҷикистону Қирғизистон ва Ӯзбакистон масъалаи вазъи муҳоҷирони корӣ дар Русияву Қазоқистон аст. Сиёсатшинос мегӯяд, Эмомалӣ Раҳмон қаблан аз ҳукумати Русия дархост кард, ки миқдори квота ва ё ҷои кор барои муҳоҷирони тоҷикро зиёд кунад, зеро дар сурати бозгашти муҳоҷирон аз ин кишвар ва Қазоқистон ба ватан Тоҷикистон 1,6 миллиард долларро аз даст медиҳад ва уботи кишвар низ халалдор мегардад. Аз ин хотир, сиёсатшинос ҳадс мезанад, ки сарвари Тоҷикистон ин мавзӯъро имкон дорад дар мулоқот бо Дмитрий Медведеву Нурсултон Назарбоев бори дигар ба миён гузорад, зеро ин барои Тоҷикистон на танҳо муҳим аст, балки ин бевосита ба амнияти иқтисодии кишвар бастагӣ дорад.
Саммит ва ё нишасти ғайрирасмии сарони кишварҳои ИДМ дар Боровой се рӯз идома хоҳад кард.