Пайравони дини масеҳӣ дар водии Вахш аз эҳтимоли комилан тахриб шудани ягона ва куҳантарин ибодатгоҳи православӣ дар минтақа изҳори нигаронӣ мекунанд.
Тасмимгириҳои шаҳрдории Қӯрғонтеппа барои бозсозии хиёбонҳои марказӣ ва барҳамзании биноҳои дар «хатти сурх» қарордошта, аз он миён тахриби ибодатгоҳи православӣ дар миёни ҷомиъаи русзабонони Хатлон вокунишҳои шадид ба бор овардааст.
Николай Голуб, рӯҳонии ин ибодатгоҳ, мегӯяд, шаҳрдорӣ гуфтааст, ки ба ҷуброни ибодатгоҳи тахрибшуда аз мавзеъҳои берун аз Қӯрғонтеппа барои сохтмони ибодатгоҳи нав замин медиҳад. Аммо ба гуфтаи рӯҳонии рус, ҷомиъаи масеҳиён ба ин пешниҳоди шаҳрдорӣ мухолиф буда, талаб дорад ба ин мақсад дар худи маркази маъмурии вилоят барояшон замин диҳанд: «Мо ба пешниҳоди мири Қӯрғонтеппа, ки ба сурати шифоҳӣ ваъда дод, аз канораҳои шаҳр барои сохтмони ибодатгоҳи нав замин медиҳад, розӣ нашудем ва ҳоло гуфтушунидҳо сари ихтисоси мавзеъи дигар идома дорад. Тасмими шаҳрдории Қӯрғонтеппа барои пайравони дини масеҳӣ мисли як инфиҷор буда, вокунишҳои шадид ба бор овард. Тамоми талошҳои мо барои пойдор нигаҳ доштани ибодатгоҳамон то ин замон бесуд анҷом ёфт».
Ҳарчанд шаҳрдории Қӯрғонтеппа дар чанд соли ахир мехоҳад тарҳи бозсозии шаҳрро таҳия кунад, эълом додааст, ки бар асари камбуди молӣ ва набуди мутахассисон, ин тарҳ танҳо дар се соли оянда омода хоҳад шуд. Аммо чунин ба назар мерасад, ки мақомот аз ҳоло ба тахрибсозии биноҳои дар доираи ба истилоҳ «хатти сурх» қарордошта шурӯъ кардаанд.
Саид Қурбонов, сармеъмори ҳукумати Қӯрғонтеппа, бо таъкид ба адами генплани нави шаҳр, аз шарҳи қазияи бар сари ибодатгоҳи православӣ худдорӣ варзид. Аммо Людмила Хоҷаева, раиси ҷамъияти русзабонони Хатлон, мегӯяд, нахуст мақомот ҳатто бар ин андеша набуданд, ки барои сохтмони бинои ҷадиди ибодатгоҳи православӣ замини нав ихтисос диҳанд, аммо бо мудохилаи сафоратхонаи Русия дар Тоҷикистон қарор шуд, ки шаҳрдорӣ бояд мавзеъи дигареро ба ихтиёри пайравони ин мазҳаб вогузор созад. Ба гуфтаи хонум Хоҷаева, гӯиё барои хариди мавзеъи нав ҷиҳати анҷом додани сохтмони ибодатгоҳ маблағи ҳангуфт талаб шудааст, ки калисо дар ихтиёр надорад.
Рӯҳонии ибодатгоҳи православии Қӯрғонтеппа поп Николай Голуб мегӯяд: «Ҳоло ин масъала муаллақ, яъне то замоне ки шаҳрдорӣ тасмиме марбут ба тақдири ояндаи ибодатгоҳ нагирад, боқӣ мемонад».
Ибодатгоҳи мазкур дар миёнаҳои солҳои 20-уми қарни гузашта бунёд гардида, феълан он ҳудуди 2 000 нафар обид дорад. Ба таъйиди
Н. Голуб, аз се ду ҳиссаи ибодатгоҳ аллакай тахриб шудааст.