Иддаои генерали рус
Дар Маскав дар ҷараёни як маҷлиси сайёри Академияи низомии Русия раиси ситоди кулл, генерали артиш Николай Макаров гуфт, "ИМА дар андешаи таъсиси пойгоҳҳои низомӣ дар қаламрави Қазоқистон ва Ӯзбакистон мебошад". Макаров гуфт, пойгоҳҳои низомии Амрико аллакай кулли манотиқи ҷаҳон, аз ҷумла Аврупоро иҳота карда, дар Булғористону Руминия фаъолият доранд. Илова ба ин, ҳоло Вашингтон бо ҳама роҳ талош дорад Украинаву Гурҷистонро низ ба узвияти паймони низомии НАТО шомил кунад. Макаров гуфт, "дар чунин шароит нигарониҳои Русияро мешавад фаҳмид, чунки дар марзҳои ин кишвар таҷаммӯи нирӯҳо ва унсурҳои пешқадами низомӣ, ки дар ҳар лаҳза омодаи анҷоми амалиёти низомӣ мешаванд, тавсеа меёбад".
Посухи Вашингтон
Ин иддаоҳои генерали артиши Русияро мақомоти вазорати хориҷаи Амрико дар Вашингтон рад карданд. Дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ аз Тошканд сухангӯи сафорати Амрико дар Ӯзбакистон Моллӣ Стивенсон гуфт, ин гуфтаҳо ҳақиқат надорад.
ИМА соли 2001 баъди шурӯъи амалиёти зидди террор дар Афғонистон пойгоҳи низомии худро дар Хонободи Қаршӣ ифтитоҳ кард ва аз он ҷо истода фаъолиятҳоеро дар самти интиқоли кӯмакҳои фанниву низомӣ ба сарбозони эътилоф дар Афғонистон ба роҳ монд. Аммо баъди рӯйдодҳои Андиҷон дар соли 2005, ки бо саркӯби хунини тазоҳургарон анҷомиду бо маҳкумияти шадиди Ғарбу Аврупо рӯбарӯ шуд, равобити Тошканду Вашингтон бад шуд. Ӯзбакистон тақозо кард, ки ИМА пойгоҳи низомиашро холӣ кунад. Ҳоло, бо гузашти се сол аз он рӯйдодҳо ва лағв шудани таҳримҳои Иттиҳодияи Аврупо дар нисбати мақомоти Тошканд, дубора равобити миёни Ғарбу Аврупо ва Ӯзбакистон нармтар шудааст. Дар ду соли охир бархе мақомоти амрикоӣ аз Тошканд дидан карданд ва дар чанд моҳи пеш хабарҳое ба даст расид, ки мегӯяд нирӯҳои амрикоӣ дар ҳайати НАТО аз терминали фурудгоҳи низомии Тирмизи Ӯзбакистон барои интиқолу бору муҳимоти ҷангӣ ба Афғонистон истифода мекунанд. Ин фурудгоҳ аз оғози амалиёти нирӯҳои эътилоф дар ихтиёри низомиёни олмонӣ вогузор шуда буд.
Посухи Остона
Посухи мақомоти Қазоқистон низ ҳамингуна буд. Мушовири сафорати Қазоқистон дар Ҷумҳурии Чех Серикҷон Алихонов дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт, ки Остона дар заминаи барномаҳои таъсиси пойгоҳи низомии Амрико дар қаламрави Қазоқистон "маълумот надорад" ва "ин хабар аз ҳақиқат дур аст". Бо арзи ин матлаб аммо дипломати қазоқистонӣ ишора кард, ки самтгириҳои сиёсӣ дар ҳама ҳолат метавонад тағйир хӯрад ва "аммо феълан ин гапҳо асос надорад". Дипломати қазоқистонӣ гуфт, ки ҳамкориҳои дифоии Остона ва Вашингтон феврали имсол бо қабули барномаи нави ҳамкориҳо то соли 2012 тақвият ёфтааст.
Назари таҳлилгарони сиёсӣ
Бархе таҳлилгарони низомӣ аз як сӯ бо мавқеи расмии ин давлатҳо розӣ ҳастанд. Павел Фелгенгауэр, таҳлилгаре дар Маскав мегӯяд, ки аз назари вай, агар ҳам Амрико нақша дошта бошад, ки ҳузури низомиашро дар Осиёи Марказӣ фақат ба хотири расидагӣ ба амалиёти Афғонистон тавсеа диҳад, Қазоқистон он кишваре нест, ки тавонад мавриди интихоби Вашингтон қарор гирад. Ба андешаи Павел Фелгенгауэр, имкони интихоби дубораи Ӯзбакистон ба ҳайси шарики низомии ИМА дар амри истиқрори нирӯҳову нақлиёт ва муҳимоти ҷангиву ҳавоӣ дар қаламрави он бештар аст. Ва маъмурияти раисҷумҳури мунтахаб Барак Обама низ, ба қавли вай, мушкилоти мисли худкома ва ғайридемократӣ будани ҳукуматҳои Осиёи Марказиро дар сурати зарурӣ метавонад ба хотири расидан ба ҳадафҳои сиёсиву низомиаш як муддат фаромӯш кунад.
Воҳид Мужда дар Кобул бо мутолеоти низомӣ ва сиёсӣ машғул аст. Вай мегӯяд, бо мураккабшавии торафти равобити Вашингтону Исломбод дар масъалаи эҳтимоли даст доштани Покистон дар нооромиҳои Афғонистон ва инчунин амалиёти якҷонибаи амрикоиҳо дар манотиқи ҷанубии ин кишвар, ки шадидан мояи мухолифати мардуми маҳаллӣ шудааст, Амрико муддатҳост дар фикри роҳҳои алтернативии расидан ба Афғонистон қарор дорад. Воҳид Мужда афзуд, ки аз сӯи дигар, барномаҳои эҳтимолӣ оид ба тавсеаи ҳузури низомии Амрико дар Осиёи Марказӣ метавонад барои расидан ба ҳадафи дигари Ғарб, яъне тақвияти нуфузи он дар густураи Қафқозу Осиёи Марказӣ дар муқобили Чину Русия, қудратҳои сиёсиву иқтисодии минтақа баҳонаи хубе шавад. Аз ин назар, мегӯяд таҳлилгари афғон, дар минтақаи Осиёи Марказӣ, ки суннатан мавриди нуфузи Русия қарор доштааст, паёмадҳои хатарнокеро интизор бояд шуд.
Павел Фелгенгауэр мегӯяд, ки ҳарчанд ҳам ҳузури афзоишёбандаи низомии амрикоиҳо дар минтақа мояи ҷиддии асабонияти Русия мебошад, аммо дар ниҳояти амр, ҳам Вашингтон ва ҳам Маскав дар Афғонистон ҳадафи ягонаро дунбол мекунанд: аз байн бурдани Толибон ва ором кардани минтақа ҳадафи ниҳоии ин ду рақиб аст ва билохира дар сурати тарки макон кардани амрикоиҳо Афғонистон дубора ба дарди сарди ҷиддии боз ҳамон Маскав ва ҷумҳуриҳои ҳамсояи он табдил мешавад. Воҳид Мужда афзуд, ки бо назардошти ин ҳама ва ҳамчунин воқеияти ин ки пешниҳоди Русия дар нишасти НАТО баҳори имсол мавриди истиқболи Амрико қарор нагирифт, Иёлоти Муттаҳида боэҳтиёт пеш хоҳад рафт. "Вашингтон бояд дар назар бигирад, ки мояи аслии нороҳатиҳои аслии вақтҳои охири Маскав барномаҳои истиқрори сипари зиддимушакии Амрико дар Аврупо мебошад". Вале, "дер ё зуд Амрико ба ҳадафаш хоҳад расид", гуфт вай.
Феълан, ИМА дар Осиёи Миёна дорои танҳо як пойгоҳи низомии Манас дар Қирғизистон аст. Аммо ин ҳам дар ҳоле, ки Бишкек пойгоҳи "Кант"-ашро дар айни замон дар ихтиёри нирӯҳои Русия вогузор кардааст.