Роман, қисса ва ҳикояҳои ин нависандаи мумтоз «Алвидоъ Гулсарӣ», «Зеркунда», «Заврақи сафед», «Таврои Кассандра», «Замини модарон», «Рӯзи баробар ба як аср», «Кӯдакии ман» ва амсоли он барои мухлисони сершумори каломи бадеъ ошност. Аммо аксарияти пажӯҳишгарони осори Ч. Айтматов бар ин ақидаанд, ки маҳз қиссаҳои «Ҷамила» ва «Муаллими нахустин» шӯҳрати вайро ба оламиён муаррифӣ намудааст.
Қодиршоҳи Мурувват, коршиноси тоҷик дар масоъили фарҳангӣ, мегӯяд, ки дар осори Чингиз Айтматов, пеш аз ҳама, зоҳир ва тинати мардуми қирғиз акс ёфтаанд, вале осори вай мояи ифтихори мардуми тоҷик низ мебошад.
Чингиз Айтматов дар як деҳаи кӯҳистонӣ ба дунё омада, тавонист, ки тавассути осори гаронмояи худ тамаддун ва фарҳанги қирғизҳоро ба мардуми ҷаҳон муаррифӣ кунад.
Ин коршиноси тоҷик меафзояд, ки нависандаи забардаст ҳамчунин дар баҳамовардани қавмҳо ва барқарории сулҳу субот саҳми худро гузоштааст.
Ба ақидаи оқои Мурувват, қиссаи «Ҷамила»-и адиб дар ташаккулёбӣ ва ба камол расидани ҷавонони зиёд нақши мусбат бозидааст: «Он ҷавононе, ки дар таҳти таъсири ин қисса камол ёфтаанд ва аз ин асар баҳра бардоштаанд, медонанд, ки он дар зиндагиашон чи нақшеро бозидааст ва беҳуда нест, ки ин асар дар замони шӯравии собиқ ба олитарин ҷоизаи вақт ноил гардид».
Пиромуни романи «Рӯзи баробар ба як аср»-и Айтматов ин коршинос мегӯяд, ки асар ҷанбаи тарҷумаиҳолӣ дорад, зеро оилаи онҳо низ аз қатағони даврони столинизм дар канор намондааст. Вақте ки Чингиз Айтматов ба арсаи адабиёт ворид шуд, наҳаросид ва тавонист, ки ин қатағонро дар асараш инъикос кунад. Ҳамзамон манқуртизмро ба чашми хонанда ҷилвагар сохт, ки он солҳо хеле ривоҷ гирифта буд.
Ба ибораи дигар, нависанда моро аз он огаҳ кард, ки ҳифз накардани фарҳанги миллӣ мардумро то куҷоҳо хоҳад бурд.
Соли 2008 дар Қирғизистон соли Чингиз Айтматов эълон шудааст. Дар шаҳри Бишкек ва соири вилоятҳои он бахшида ба 80-солагии ин адиби маъруф маҳфилҳои зиёд баргузор гардиданд ва ин раванд идома дорад. Гузашта аз ин, дар чаҳорчӯби солномаи адиби маъруф борҳо даҳаи Айтматов ва ҳафтаи Айтматов роҳандозӣ шудааст. Дар саҳнаи театрҳои Қирғизистон аз рӯи асарҳои Чингиз Айтматов чандин намоишномаҳо ба маърази тамошо гузошта шуданд.
Адиби маъруфи қирғиз ба кори дипломатӣ низ ҷалб гардида, солҳои зиёде сафири томмулихтиёри Қирғизистон дар кишварҳои аврупоӣ буд.
Амриддини Кабир, овозхони шоистаи Тоҷикистон, ки муқими Бишкек аст, мегӯяд, ки дар чанд маҳфил ҳамроҳ бо ин нависандаи бузург ҳузур дошт ва дарк кард, ки Айтматов танҳо нависанда набуда, балки маҳфилоро, марди хушсуҳбат ва, ба як сухан, одами шарифе буд.
Ба гуфтаи оқои Кабир, Чингиз Айтматов дар ин маҳфилҳо бо мардум самимона суҳбат мекард ва намоиш дод, ки, бо вуҷуди шахси маъруфу бузург будан, вай одами хокӣ аст ва ҳамеша бо мардум хоҳад монд.
Вақте ки Чингиз Айтматов аз Мирзои Турсунзода ёд мекард, таъкид мекунад А. Кабир эҳсос менамуд, равшан мешуд, ки чи риштаи дӯстие байни онҳо вуҷуд дошт ва ин ришта имрӯз ҳам тоҷикҳо ва қирғизҳоро васл намудааст.
Дар ҳамин ҳол дар шаҳри Бишкек ба муносибати соли Чингиз Айтматов як намоишгоҳи суратҳо идома дорад, ки намунаҳои беҳтарини 12 рассоми варзидаи қирғизро дар ихтиёри тамошобинон қарор додааст.