Маросими баррасӣ бо ибтикори Маркази минтақаии эколожии Осиёи Марказӣ дар як ҳамойиш бо ширкати мақомот, созмонҳои ғайридавлатӣ ва коршиносон аз кишварҳои Тоҷикистон, Қазоқистон ва Қирғизистон сурат гирифт.
Тақсим ва истифодаи одилонаи захоири об дар кишварҳои ин минтақа солҳост, ки бо мушкилоте рӯбарӯст. Дар доираи ин тарҳ тадобире чун ташкили гурӯҳи кории миллӣ оид ба озмоиши имконот ва беҳтарсозии шеваи назорати рӯдхонаҳои кӯчаки фаромарзӣ, муайян кардани минтақаҳои озмоишӣ ва таҳияи консепсияи лоиҳаҳо дар назар дошта шудааст.
Танзиму идора ва истифодаи одилонаву муассири оби рӯдхонаҳои фаромарзӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ аз доираи мубоҳисоти миёни кишварҳо фаротар рафта, нигарониҳо дар сатҳи байнулмилалиро низ ба бор овардааст.
Малика Бобоҷонова, раҳбари бахши Маркази минтақаии эколожии Осиёи Марказӣ дар Тоҷикистон, мегӯяд, ки дар шароити феълӣ мушкили таъминоти босамар ва баҳарбардории муассир аз захоири об натанҳо кишварҳои поёноб, балки кишварҳои соҳиби ин захираҳоро низ ба ташвиш овардааст. Хонум Бобоҷонова афзуд ҳадафи тарҳи нав ҳосил кардани созиши кишварҳо барои идора ва истифодаи дарёҳои фаромарзии кӯчак ва сарҳадгузар аст. Зеро мушкилоти баҳрабардорӣ аз рӯдхонаҳои бузурги фаромарзӣ баҳсҳо ва нофаҳмиҳои зиёдеро миёни ҳукуматҳои Осиёи Марказӣ ба бор овардааст, ки онро метавон бо истифода аз таҷрибаи идора ва назорати дурусти захоири оби дарёҳои кӯчак ҳаллу фасл кард: «Мо мехоҳем як чунин механизмҳои муассир ва муфиди ҳамкорӣ миёни кишварҳои минтақаро дар мавриди истифодаи оқилонаи об таҳия ва омода созем. Аз ҷумла, интихоб ва таъйини минтақаҳои озмоишӣ дар масири дарёҳои кӯчаки фаромарзӣ миёни ду кишвар, ки битавонад ҳамчун намунаи хуб дар оянда низ қобили истифода бошад».
Иброҳим Саидов, сардори Маркази таҳқиқоти захоири оби Кумитаи ҳифзи табиати Тоҷикистон, мегӯяд, ки новобаста аз вуҷуди даҳҳо санаду созишномаҳои ҳамкорӣ дар мавриди баҳрабардорӣ ва тақсими захоири оби Осиёи Марказӣ ҳанӯз ҳам кишварҳо аз усул ва шеваи замони шӯравӣ кор мегиранд. Ин дар ҳолест, ки баъди фурӯпошии Шӯравӣ масъалаи таъминоти об дар минтақа мушкилоти тоза ва фаровонеро пеш овардааст, гуфт И. Саидов ва афзуд, ки аз ҷумлаи ин мушкилот кишварҳо ба таври алоҳида меъёру низоми истифода аз ин захоирро муайян кардаанд, набуди манбаъи воҳиди иттилоъоти дақиқу саҳеҳ ва табодули он дар бораи ин рӯдхонаҳо, фарсудагии таҷҳизоти техникӣ ва, муҳимтар аз ҳама, адами боварӣ ба ҳамдигар мебошанд, ки идомаёбии онҳо вазъро печидатар хоҳад кард.
Дар нишаст инчунин таъкид шуд, ки бо ташкили гурӯҳҳои кории миллӣ ва мушаххас кардани минтақаҳои озмоишӣ дар масири рӯдхонаҳои кӯчаки сарҳадгузар ва бо ба иҷро гузоштани тарҳи тозаи Маркази минтақавии эколожии Осиёи Марказӣ, ки бо мусоъидати моли Итиҳодияи Аврупо сурат мегирад, мушкилоти таъмин ва тақсими об дар минтақа дар сатҳи дарёҳои хурд то андозае роҳи ҳалли худро пайдо хоҳад кард.