ИМА: дар ҷустуҷӯи роҳҳои нав бa Афғонистон

Амрико бар ин аст, ки ҳамлаҳои пайвастаи ҷангиён дар минтақаҳои марзии қабиланишини Покистон ба вазъи таъмини нерӯҳои таҳти фармони паймони низомии НАТО дар Афғонистон таъсири чандоне надорад.

Аммо Пентагон ҳамзамон дар бораи таъсири чунин ҳамалот ба сохторҳои низомии Амрико дар Афғонистон изҳори нигаронӣ карда, мегӯяд, акнун перомуни масирҳои алтернативии таъмини нерӯҳояш низ фикр мекунад.

Дар чунин сурат оё имкон дорад, ки Пентагон дубора ба мавзӯъи истифода аз имконоти низомӣ ва экмолотии кишварҳои Осиёи Марказӣ баргардад? Ва оё пойгоҳҳои мавҷуд дар Тоҷикистон то куҷо дар амри таъмини ниоӯҳоии Амрико дар Афғонистон қобили истифода буда метавонанд?

Афзоиши ҳамалоти ҷангиён ба корвонҳо ва амборҳои низомии нерӯҳои байнулмилалӣ дар Покистон мояи нигарониҳо дар Пентагон шудааст. Браян Витман, сухангӯи вазорати дифоъи Амрико, дар маҷмӯъ, асароти ин ҳамалотро барои нерӯҳои байнулмилалӣ ночиз хонд, вале гуфт, ки онҳо ҷараёни таҳаввулотро бодиққат наззора дошта, акнун рӯи роҳҳои алтернативии таъмини нерӯҳои худ низ фикр мекунанд.

11-уми декабар гурӯҳи ҷангиён боз тақрибан 100 мошини дигарро дар ҳошияи шоҳроҳи асосӣ ба сӯи Афғонистон оташ заданд. Ин дар ҳолест, ки ҳамагӣ як рӯз қабл ҳудуди 250 ҷангӣ ба 2 анбори низомӣ дар ин минтақа ҳамла оварда, посбонони ин анборҳоро асир гирифтанд ва қариб 200 мошинро оташ зада буданд. Б. Витман гуфт, ин ҳамалот то ҳол ба вазъи таъмини нерӯҳои байнулмилалӣ ва нерӯҳои Афғонистон таъсири кӯчаке расондааст, аммо онҳо дар фикри боз ҳам коҳиш додани асароти чунин ҳамлаҳо ҳастанд.

Ҳамалоти ахир ба осебпазирии масирҳои таъмини нерӯҳои Амрико дар қаламрави Покистон таъкид мекунад. Пентагон дар ҳоли ҳозир нақшаи бузурги тавсиъаи ҳузури низомиаш дар Афғонистонро дар маърази иҷро қарор медиҳад. Сар аз оғози соли нав, Амрико мехоҳад шумори нерӯҳояш дар он кишвари ҷангзадаро аз тақрибан 32 000 сарбози феълӣ ҳудуди 2 маротибаи дигар афзоиш диҳад.


Саъдии Юсуфӣ, таҳлилгари тоҷик, мегӯяд, Покистон як шарики суннатӣ ва санҷидашудаи Амрикост ва дар интихоби қаламрави Покистон ба ҳайси масири аслии таъмини нерӯҳои Амрико дар Афғонистон дар баробари мулоҳизоти иқтисодиву ҷуғрофӣ мулоҳизоти сиёсӣ низ нақш бозӣ мекунад.

Феълан бахши аъзами таъмини нерӯҳои байнулмилалӣ дар Афғонистон – сар карда аз маводди сӯхт ва то таҷҳизоту таслиҳоти сақила – тавассути Покистон сурат мегирад.

Таҳлилгари масоили Афғонистону Покистон дар Радиои Озодӣ Аёзхон мегӯяд, дар ҳар сурат, ва ҳатто бо вуҷуди ҳамалоти афзояндаи ҷангиён дар ағбаи калидии Хайбар Покистон, шарики асосии Амрико, дар набард алайҳи терроризм дар Афғонистон боқӣ хоҳад монд.

Як бахши таъмини экмолотии (фаннии низомӣ) нерӯҳои Амрико дар Афғонистон дар пайи оғози амалиёти ҷаҳонии зидди террор ибтидо аз роҳи Узбакистон сурат мегирифт. Вале Тошканд ба дунболи рӯйдодҳои хунини Андиҷон нерӯҳои Амрикоро аз пойгоҳи ҳавоии Хонобод дар вилояти Қаршӣ берун кард.

Як мақоми амрикоӣ ба Франс Пресс гуфтааст, ки онҳо рӯи масирҳои алтернативии таъмини нерӯҳои худ дар Афғонистон фикр доранд ва Озарбойҷон, аз ҷумла истифодаи қаламрави худро ба Пентагон пешниҳод кардааст.

Дар пайи ҳамлаҳои террористии 11-уми сентябр кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ низ истифодаи қаламрави худ барои таъмини нерӯҳои эътилофро пешниҳод карда буданд.

Амрико то ҳол аз як пойгоҳи кӯчаки ҳавоӣ дар ҳошияи фурудгоҳи «Манас»-и Қирғизистон истифода мебарад, ҳарчанд нақши ин пойгоҳ дар амалиётҳои нерӯҳои Амрико дар Афғонистон чандон барҷаста ва қобили арзёбӣ нест.

Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз дар тирамоҳи соли 2001 гуфта буд, ки масъалаи истифодаи нерӯҳои Амрико аз фурудгоҳҳои Тоҷикистонро бо ҳамтои амрикоияш Ҷорҷ Буш суҳбат кардааст ва амрикоиҳо метавонанд яке аз се фурудгоҳи ба онҳо пешниҳодшуда ва дар сурати зарурат, ҳарсе фурудгоҳро мавриди истифода қарор диҳанд.

Аммо дар 7 соли пеш Амрико ва муттаҳидини дигари ғарбиаш ба фурудгоҳҳои фарсуда ва аз лиҳози фаннӣ ноомодаи Тоҷикистон пойгоҳҳои муҷаҳҳазтар дар Узбакистону Қирғизистонро тарҷеҳ доданд ва Фаронса танҳо узви эътилофи ҷаҳонии зиддитеррор буд, ки ин ҳама муддат аз 100 то 150 сарбоз ва гоҳо то чанд ҳавопаймои ҷангиашро дар ҳошияи фурудгоҳи Душанбе мустақар карда, таъмини нерӯҳояш дар Афғонистонро аз ҳамин роҳ анҷом медод.

Саъдии Юсуфӣ, таҳлилгари тоҷик мегӯяд, вазъи кунунӣ аз 7 соли пеш фарқ мекунад ва эҳтимоли истиқрори нерӯҳои бештари ғарбӣ дар қаламрави Тоҷикистон акнун бештар шудааст.

Аз ҷумла ба далели сардии уфтода дар равобити Ғарб бо Тошканд ва ҳам ба маҳзи чанд пули дар ин муддат сохташуда дар марзи тӯлонии мустақим байни Тоҷикистон ва Афғонистон, ки интиқоли нерӯ ву экмолотро, албатта, осон мекунад.

Аммо таҳлилгари Радиои Озодӣ Аёзхон мегӯяд, мушкилоти мавҷудаи сиёсӣ дар равобити Ғарб бо ҳамсоякишварҳои дигари Афғонистон ва, ҳамин тавр, бо Русия нахоҳад гузошт, ки Ғарб, ба вижа Амрико, рӯи тағйири масири асосии таъмини нерӯҳои байнулмилалӣ ва табдили Покистон ба ягон кишвари дигар бияндешанд: “Роҳи дигар тавассути Эрон аст, ки истифодаи Амрико аз ин масир дар ҳоли ҳозир яқинан ғайримумкин менамояд. Масири Русия, ҳатто дар сурати ҳалл шудани мушкилоти мавҷудаи миёни Амрикову Русия, хеле пурчолиш ба назар мерасад, чунки роҳи хеле тӯлонист. Ва зербинои нақлиётии мавҷуда дар тӯли масирҳое, ки аз Русия, аз кишварҳои Осиёи Марказӣ ва аз кишвароҳи дигари шӯравии собиқ мегузаранд, ҳанӯз кофӣ нест. Ба далели чолишҳои сиёсӣ ва экмолотӣ масири мазкур дар марҳалаи кунунӣ кифояткунанда буда наметавонад”.

Мушкили дигар, мегӯяд Аёзхон, расондани борҳо ба вилоёти ошӯбзадаи ҷануби Афғонистон аст, ки бахши аъзами нерӯҳои байнулмилалӣ маҳз дар ҳамин вилоёт машғули набард бо «Толибон» мебошанд. Фосила байни марзҳои шимолии Афғонистон бо манотиқи ошӯбзадааш дар ҷануб хеле тӯлонист ва ба эътиқоди таҳлилгари Радиои Озодӣ, ин омил низ ба бартарии масире таъкид мекунад, ки аз Покистон мегузарад.