Фарзандоне, ки падарашонро намешиносанд

Ҳангомаи шашсола, сокини як деҳаи дурдасти Тоҷикистон ҳар рӯз мунтазири бозгашти падараш мебошад. Модари Ҳангома гуфтааст, ки шояд ҳамин рӯзҳо падараш монанди ҳазорҳо муҳоҷири тоҷики муқими Русия барои зимистонгузаронӣ ба ватан баргардад. Ҳангома, ки дар тӯли ҳаёташ ҳамагӣ як дафъа аз дидори падар ҳаловат бурдааст, мегӯяд: "Падарам дар Русия аст. Ман ӯро ду сол боз надидаам. Ӯ ба ман ҳар чӯ меорад: курта, попӯшӣ... "

Вақте падари Ҳангома ба хона баргашта буд, дар давоми як ҳафта Ҳангома аз модараш мепурсид, ки ин мард кисту кай аз хонаи мо меравад?.....

Мавҷигул модари Ҳангома он рӯзҳоро ба ёд меорад: "Ҳозир ӯ падарашро ёд мекунад. Ҳангома бародари шавҳарамро падар меномад. Падарашро фаромӯш кардааст. Тариқи телефон бо ӯ сӯҳбат мекунад, вале намедонад, ки падараш кист?"

Оилаи Мавҷигул танҳо нест. Имрӯз дар Тоҷикистон ҳазорҳо хонавода аз дидори шавҳар, падар ва писар маҳрум мебошанд ва зоҳиран ба ин зудиҳо вазъ тағйир намеёбад. Солона то як миллион мардони тоҷикистонӣ барои кор ба Русия ва Қазоқистон мераванд. Аксари муҳоҷирони корӣ соле як бор аз Тоҷикистон зиёрат мекунанд, вале баъзеҳо аслан аз хонаву Ватан канда мешаванд.

Мавҷигул мегӯяд, ки баҳору тобистон дар деҳаи онҳо тамоми мардони ҷавону миёнасол ба муҳоҷирати корӣ мераванд. Мардуми солхӯрда вазъи феълиро бо солҳои Ҷанги бузурги ватанӣ шабоҳат медиҳанд, ки он замон тамоми мардон ба ҷанг бо фашизм сафарбар шуда буданд. Хуллас, имрӯз занони тоҷик пешбурди рӯзгор: ғуну чини ҳосил, тармими манзил ва ҳатто ҳезумкаширо дар ӯҳда доранд.

Хонуми 35-сола бо номи Сурайё, ки дар шаҳри Хуҷанд иқомат дорад, мегӯяд, шавҳараш Мурод аслан муҳандис мебошад, вале маоши ночизи Тоҷикистон ӯро водор кард, ки хонаву дарро тарк намуда, роҳи Русияро пеш гирад. Сурайё меафзояд: "Фарзандони ман мегӯянд, ки барои онҳо падар лозим нест. Онҳо фикр мекунанд, ки аз дасти ман ҳама кор меояд. "

Фарзанди Сурайё, ки Амир ном дорад, ба ғазаб омадааст, ки падараш дар рӯзи таваллуд ва ҷашни соли нав ба онҳо ҳамроҳӣ накард.

Музаффар Олимов, раиси маркази ҷомеашиносӣ дар шаҳри Душанбе ҳушдор медиҳад, ки як насли комили кӯдакони тоҷик бидуни ширкати падарон ба воя мерасад. Ба гуфти Олимов, кӯдаконе, ки дар чунин ҳол ба балоғат мерасанд, дар бораи оилаву издивоҷ фикри ғалат хоҳанд дошт.

Ба ҳар ҳол, ҳамсӯҳбатҳоямон Мавҷигулу Сурайё хушҳоланд, ки шавҳар доранд. Теъдоди зиёди хонумҳои тоҷик тан додаанд, ки шавҳаре пайдо нахоҳанд кард. Онҳо ба ҳамсари дуюму сеюми мардони оиладор табдил меёбанд. Аммо Ҳангомаи хурдсол чашм ба истгоҳи автобус ниҳода мунтазири падар аст.