Паёми Райс ба Исломобод аз Деҳлӣ

Кондолиза Райс, Котиби давлатии ИМА дар як нишасти хабарӣ баъд аз анҷоми музокирот бо сарвазири Ҳинд Минҳоман Синг дар Деҳлӣ аз мақомоти Покистон хост, ки дар роҳи ҳамкорӣ бо Ҳиндустон дар тафтиши ҳамлаҳо ба шаҳри Мумбай аз гомҳои оҷил ва қатъӣ кор гиранд.

Як ҳадафи сафари хонум Райс ба Деҳлӣ - мусоидат дар коҳиши ташдиди авзоъ миёни Ҳинд Покистон аз роҳи дипломатист. Ҳамлаи террористӣ ба яке аз бузургтарин шаҳрҳои Ҳинд - Мумбай, ки дар тарҳрезӣ ва татбиқи он Деҳлӣ тундравҳои покистониро муттаҳам мекунад, мушкили миёни ду кишварро сангинтар кардааст. Хонум Райс изҳор намуд, ки муҷримони ин ҳамла бояд ҳатман муҷозот шаванд ва аммо афзуд “имрӯз ҳадафи волотарин – ҷилавгирӣ аз такрори ин гуна ҳамлаҳои ваҳшатафканист”.

Ҳарчанд раҳбарони Ҳинд мегӯянд, ки ягон далели қотеъи даст доштани ҳукумати феълии Покистон дар ҳамлаҳо ба Мумбайро дар ихтиёр надоранд, иддае аз мақомоти Ҳинд дар ин ҳаводис “баъзе унсурҳо” дар Покистонро муттаҳам карданд. Ёдовар мешавем, бар асари ҳамлаҳои чанд рӯзи пеш ба истгоҳи роҳи оҳан, ду меҳмонсарои бузург, тарабхона, бемористон ва Маркази яҳудиён дар Мумбай 171 нафар ба ҳалокат расиданд.

Мақомоти Ҳинд мегӯянд, ки яке аз мусаллаҳони гурӯҳи тундравҳо дастгир шудааст ва ӯ ба муфаттишон узвияташ дар гурӯҳи Лашкари Тайибаро иқрор кардааст. Боздоштшуда ҳамчунин гуфтааст, ки ӯ ва шариконаш тайи 18 моҳ аз сӯи афсарони собиқи покистонӣ тамрин диданд ва сипас тавассути заврақҳо аз бандари Қарочии Покистон сӯи Мумбай роҳ гирифтанд.

Мақомоти Ҳинд феҳрист бо ному насаби беш аз 20 гумонбари ҳамла ба шаҳри Мумбайро ба Исломобод пешниҳод карда хостори истирдоди онҳо ба Деҳлӣ шуданд – гуфта мешавад, ки ҳамаи онҳо дар қаламрави Покистон ба сар мебаранд. Аммо Осиф Алӣ Зардорӣ, раисҷумҳури Покистон дар сӯҳбат бо шабакаи телевизионии СNN гуфт, ки тибқи қавонини кишвар дар сурати ошкор шудани узвияти шаҳрвандони Покистон дар гурӯҳҳои террористӣ, онҳо аз сӯи додгоҳҳои кишвар муҷозот мешаванд.

Дар ҳоле, ки хонум Райс дар пойтахти Ҳинд бо мақомоти ин кишвар дидору гуфтугӯ мекунад, раиси Кумитаи муттаҳидаи сарварони ситодҳои артиши ИМА адмирал Майк Муллен ба хотири коҳиши ташаннуҷ миёни ду кишвари дорои силоҳи ҳастаӣ вориди Исломобод шуд. Адмирал Муллен имрӯз ҳам бо раҳбарони мулкӣ ва ҳам бо фармондеҳони покистонӣ мулоқотҳо анҷом дод.

Хонум Кондолиза Райс мегӯяд, ҳукумати Покистон ваъда кардааст, ки ҳам бо муфаттишоти Ҳинд ва ҳам бо гурӯҳи муфаттишони амрикоӣ, ки ахиран вориди Ҳинд шудаанд, ҳамкорӣ хоҳад кард. Ҳамзамон ӯ аз ташреҳи посухи ради раисҷумҳури Покистон Осиф Алӣ Зардооӣ ба талаби Деҳлӣ барои истирдоди гумонбарони терроризм худдорӣ кард.

Муфаттишони амрикоӣ аллакай ҳамроҳ бо мансабдорони ҳинд пажӯҳиши ҳаводиси марбут ба ҳамлаҳо ба Мумбайро шурӯъ кардаанд то ҳувияти тундравҳо ва чӣ гуна таҳия шудани тарҳи ҳамла ба шаҳрро рӯшан кунанд.

Деҳлӣ чандин сол боз аз он шиква мекунад, ки Исломобод ё барои мубориза бо гурӯҳҳои зиддиҳиндустонӣ дар қаламраваш қодир нест ё дар ин кор коҳилӣ мекунад. Баъд аз ҳамла ба шаҳри Мумбай мухолифини ҳукумат ва расонаҳои хабарӣ мақомоти феълиро дар он муттаҳам карданд, ки барои таъмини амнияти кишвар омода нестанд. Коршиносон мегӯянд, ки ин иттиҳомот дар соли интихобот ба порлумон ҳукумати сарвазир Минмоҳан Сингҳро ба мушкили ҷиддӣ мувоҷеҳ хоҳад кард.