Дурнамои ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Укроин

Дар Украина аксар коршиносон ба дурнамои ҳамкориҳои Душанбеву Киев ба вижа дар риштаи гидроэнергетика бо умед менигаранд.

Cеюми декабр, дар рӯзи аввали сафари ҳайъати ҳукуматии Тоҷикистон ба раҳбарии Эмомалӣ Раҳмон дар хиёбонҳои марказии Киев парчами Тоҷикистон афрохта шуда буд. Қарор аст, рӯзи 4-ми декабр маросими аслии дидору мулоқоти Раҳмон бо ҳамтои украиниаш Виктор Юшенко баргузор шавад. Масъули дафтари котиботи раисҷумҳури Украина Марина Тамко дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ аз шаҳри Киев гуфт, дар пайи мулоқоти расмии ду раисҷумҳур имзои як баста созишномаҳои ҳамкорӣ дар назар аст.

Хонум Тамко созишномаҳои гидроэнергетикиро аз муҳимтарин санадҳое номид, ки дар ин мулоқот ба имзо мерасад. Инчунин, тибқи барномаи сафар раисҷумҳури Тоҷикистон дар нимаи дуюми рӯзи 4 декабр ба шаҳри Харков парвоз хоҳад кард ва бо кори корхонаи "Турбоатом" ошно хоҳад шуд.

Заминаи ҳамкориҳои амалӣ бо Украина дар бахши навсозӣ ва бунёди турбинаҳо баҳори имсол баъди боздиди ҳайъати Тоҷикистон аз Киев фароҳам омад. Тибқи ҳисобҳои мутахассисон, тавоноии куллии нирӯгоҳҳои Тоҷикистон агар каме бештар аз чаҳор миллиард киловат соатро ташкил диҳад, мутахассиони "Турбоатом" мегӯянд, ки гидротурбинаҳои сохти ин корхона тавоноии тавлиди беш аз сею ним миллиард киловатт соат барқро таъмин хоҳанд кард, ки ин беш аз 88 дар садро ташкил медиҳад. Дар заминаи ҳамкориҳо бо Тоҷикистон Людмила Корчашкина, сухангӯи корхонаи "Турбоатом" дар сӯҳбати телефонӣ аз шаҳри Харков ба Радиои Озодӣ гуфт:

"Дар як қатор истгоҳҳои барқии Тоҷикистон турбинаҳои "Турбоатом" насб шудааст. Дар болои рӯдхонаи Вахш як қатор истгоҳҳое қарор дорад, ки дар он дастгоҳҳое аз ҷониби мо сохта шудааст, яъне дар нирӯгоҳҳои Норак, Роғун, Бойғозӣ ва дигар нирӯгоҳҳо. Дар марҳилаи феълӣ се турбинаи нирӯгоҳи барқии обии Норак ба навсозӣ эҳтиёҷ доранд. Ғайр аз ин, ҳанӯз солҳои шӯравӣ созишномае дар бораи сохтмони 9 турбина ба имзо расида буд, ва то имрӯз сетои он сохта ва фиристода шуда, сохтмони шаштоаш ҳанӯз ба охир нарасидааст".

Игор Семиволос, раиси Маркази таҳқиқоти Шарқи наздик дар шаҳри Киев мегӯяд, Тоҷикистон дар чашми Украина кишвари қобили таваҷҷӯҳ аст, ва на танҳо аз ҷиҳати иқтисодӣ. Ҷаноби Семиволос мегӯяд, Тоҷикистон ҳам як бозорест барои Украина, ки мисли дигар бозорҳо барои пайдо кардани ҷои по дар он мубориза ҷараён мегирад. Вай мегӯяд, бо назардошти бисёр ларзон ва то ҷое бесубот будани мавқеи ҳукумати имрӯзаи Украина, аммо ҷониби Тоҷикистон набояд ҳарос дошта бошад, ки дар сурати нав шудани ҳукумат дар ин кишвар сарнавишти қарордодҳои имрӯзҳо имзошуда зери суол меравад. Ҳатто дар шароити бӯҳрони иқтисодӣ ҳам маблағҳое барои кӯмак ба кишварҳои мисли Тоҷикистон ба даст овардан мумкин аст, мегӯяд вай, дар сурате, ки ин ба манфиати иқтисодии Украина бошад.

Таҳлилгари дигари равобити Киеву Душанбе Сергей Данилов ҳам дар Киев аз ҷараёни сафари Раҳмон мушоҳида мекунад. Вай мегӯяд, барои идомаи иҷроиши тарҳҳои иқтисодӣ дар Тоҷикистон дар баробари ширкатҳои чиноӣ ва русӣ шароити вориди рақобат шудани як бозигари навфароҳам меояд.

Саволе, ки дар зеҳни аксарият дар ин охирҳо мечархад, ин аст, ки то куҷо наздикшавии ҳукумати Тоҷикистон бо Украина метавонад аз лиҳози сиёсӣ дар Маскав дуруст баҳогузорӣ шавад? Данилов дар посух ба ин савол мегӯяд, Тоҷикистон бо кишварҳои бисёр равобити нек дорад ва ин як маҳаки муҳими сиёсати Раҳмон ба шумор меравад. Игор Семиволос, раиси Маркази таҳқиқоти Шарқи наздик ба ин назар аст, ки ҳамкориҳои иқтисодиву сиёсӣ бояд ҷудо арзёбӣ шавад. Ба вижа, бо назардошти ин ки Тоҷикистон ба як идда созмонҳое ҳамроҳ бо Русия шомил аст, ки Украина дар онҳо ҳузур надорад, масалан Паймони амнияти дастаҷамъӣ, гуфт ӯ.

Аксар рӯшанфикрон дар Украина мегӯянд, ки бо вуҷуди пеш омадани бӯҳрони иқтисодӣ ва мушкили пардохти қарзи гази Русия аз ҷониби Киев, аммо дар дурнамои ҳамкориҳои Тоҷикистону Украина садди ҷиддие вуҷуд надорад. Зиёда аз ин, таҳлилгар Сергей Данилин бо ишора ба мушкилоти Душанбе бо Тошканд гуфт, "дар Украина хеле хуб огоҳ ҳастанд, ки Тоҷикистон бо баъзе ҳамсояҳояш дар масъалаи барномаҳои тавлиди барқ ё об ва камбуди газ мушкилоти хеле зиёд дорад".

Ва ниҳоят, он чи ки ҳама ҳамсӯҳбатони мо таъкид мекунанд, Киеву Душанбе барои тавсеаи ҳамкориҳо дар оянда потенсиали зиёд доранд ва то ҳанӯз ин ҳамкориҳо ба таври лозима дар бахши мубориза бо қочоқи маводи мухаддир, муҳоҷират, амният, тарҳҳои иҷтимоӣ пешрафт накардааст. Ва яке аз масъалаҳои муҳими дигар, ки ваъда медиҳанд дар наздиктарин фурсат ҳалли худро меёбад, ин ифтитоҳи намояндагиҳои дипломатии ин кишварҳо дар қаламрави ҳамдигар аст.