Умеди Давлатзод: «Вазъияти имрӯзаи бонк чун дигар бонкҳо дар низоми бонкдории ҷумҳурӣ дар сатҳи қарибулвуқӯи бӯҳронӣ қарор дорад. Зеро мо монанди он бонкҳое, ки саҳмияҳои онҳо дар биржаҳои фондии дунё дар гардишанд, ҳанӯз ба инқироз дучор нашудаем. Лекин, ба ҳар сурат, он тағйироти нархие, ки дар бозори молиявии ҷаҳонӣ пеш омадааст, ба мо бетаъсир буда наметавонад. Чун қисмати аъзами мизоҷони мо ба фаъолияти содиротӣ машғуланд, бинобар коҳиши баҳои маҳсулот дар бозор, воридоти асъорро кам карданд, талабот ба маҳсулоти онҳо коҳиш ёфт.
Бонк як муассисаи хидматрасонӣ ба мизоҷон аст. Модоме мизоҷ аз поин рафтани нарх зарар мебинад, пас зарари ӯ ба бақияи маблағҳои ӯ, ки дар суратҳисобаш дар бонкҳо ба амонат гузоштааст, таъсир мерасонад, яъне, то андозае ҳаҷми суратҳисоби муросилотии онҳо коҳиш мебинад.
Як омили дигар ин аст, ки аксарияти бонкҳо дар ҷумҳуриамон дар бозори интиқоли маблағҳои муҳоҷирини кории тоҷик аз Қазоқистон ва Русия иштироки фаъъолона доранд. Ва то андозае як қисми даромади бонкҳои ҷумҳурӣ аз ҳисоби подоши ҳамин маблағҳо ба даст меояд. Дар ҳолате, ки аксарияти корхонаҳои сохтмонӣ дар Русия бар асари бӯҳрони ипотекӣ, яъне сохтмони манзил, қобилияти пардохтиашон коҳиш ёфтааст, ин маънои онро дорад, ки мизони интиқоли пул аз тарафи муҳоҷирони корӣ поин меравад. Аз ин рӯ, онҳо маҷбур мешаванд ё табдили тахассус намоянд, ё муқими доимии он шаҳрҳо шаванд.
Амри табиие, ки онро бояд пазируфт ва аз он на воҳима карду на чизе дигар сохт.
Озодӣ: «Аммо бархе аз масъулони ҳатто ниҳодҳои давлатӣ чунин андешаҳоро баён доштанд, ки ин бӯҳрони молиявӣ дар Тоҷикистон камтар асар мегузорад, чаро ки низоми молиявии мо он қадар ба низоми молиявии ҷаҳонӣ вобаста нест?»
Умеди Давлатзод: «Ман салоҳият ва ваколати арзёбии гуфтаҳои вакилону вазиронро надорам, вале шояд манзури онҳо ин бошад, ки мо ҳамчун шахси фаъъол дар бозори коғазҳои қимматноки ҷаҳонӣ ҷузъи ширкатҳои фаромиллие, ки ба бӯҳрон дучор шудаанд, нестем ва чун ҷузъи онҳо нестем, шояд ин бӯҳронро бо ҳама ин мушкилоташ ҳис накунем. Шояд манзурашон ин аст. Вале аз тарафи дигар, бар замми он ҳама ҳарфҳое, ки гуфтем, мо талош барои пайвастан ба Созмони ҷаҳонии тиҷорат дорем, тавассути ҷалби сармоя ва инвеститсияҳои хориҷӣ дар сохтмони нерӯгоҳҳо ва дигар барномаҳои муштарак бо ширкатҳо ва гурӯҳҳои хориҷӣ ҳамкорӣ дошта бошем, пас чи тавр дар ин ҳолат бӯҳрони молиявӣ дар Тоҷикистон таъсир надошта бошад ва ё аз канори мо бигзарад? Ин чиз номумкин аст.
Таъсири бӯҳрони иқтисодӣ дар Тоҷикистон пеш аз ҳама дар он муайян мегардад, ки то куҷо тавозуни пардохтӣ ҳифз
мешавад.Ин ҳам дар ҳолест, ки дар Тоҷикистон воридот дар муқоиса бо содирот бештар аст. Вале он чизи асосие, ки мо содир мекунем: - нахи пахта ва алюминий, ки сарчашмаи воридоти асъории ҷумҳурианд, дар бозори ҷаҳонӣ ба шиддат нархи худро аз даст медиҳанд. Поин омадани нархи алюминий аз 3300 то 1850 барои як тонна, яъне, тақрибан 50 дар сад ва тақрибан чил дар сад поин омадани нархи нахи пахта гувоҳи он аст, ки чӣ гуна бӯҳрони молиявӣ ба иқтисоди Тоҷикистон таъсири манфӣ мерасонад.
Мо хуб медонем, ки тамоми харидуфурӯши амволи гаронарзиш, барои мисол манзил, мошин ва дигар амволу ашё бо доллар ҳисобӣ мешавад. Давлате, ки соҳиби ин пул асту худ ба бӯҳрони иқтисодӣ дучор шудааст, пас чи гуна Тоҷикистон, ки мавқеи доллар дар он хеле қавӣ аст, аз ин раванд истисно бошад?
Озодӣ: «Бонки шумо тиҷоративу саҳҳомист. Саҳҳомони шумо киҳо ҳастанд? Чун дар баъзе аз васоити ахбор гуфта мешавад, ки ҳамагӣ хешу таборанд?»
Умеди Давлатзод: «Саҳҳомони мо имрӯз дар ҳудуди 9 ҳазоранд. То ду соли пеш беш аз навад дар сади саҳҳомони мо шахсони воқеӣ буданд. Вале имсол шумори шахсони ҳуқуқӣ афзоиш ёфта, як таносуби муайяне миёни саҳҳомон пайдо шудааст, ки ҳиссаи тақрибан мусовӣ доранд.Тасаввур кунед, ки мо 9 ҳазор саҳмиядор дорем, бонк озмуни кушоди хариди саҳмияҳоро борҳо эълон кардааст ва ин корро дар оянда бештару бештар идома медиҳад. Яъне, ҳар шахси дилхоҳ метавонад соҳиби саҳмия шавад. Агар Шумо бо авлодатон, бо хешу таборатон маслиҳат кардеду, соҳиби саҳмияҳои «Ориёнбонк» шудед ,ин чӣ бадӣ дорад? Инро қонун манъ накардааст. Дуюм, ман гумон намекунам, ва оё шумо бовар доред, ки дар Тоҷикистон чунин як авлод, чунин як авлоде калон вуҷуд дошта бошад, ки дар ҳудуди 9 ҳазор саҳмиядори «Ориёнбонк» бошад ва ҳамаи онҳо хешу табор бошанд? Баъдан, чунин одамоне ки ин гуна овозаҳоро паҳн мекунанд, чаро худи онҳо бо авлодашон омада, саҳмиядори «Ориёбонк» намешаванд, кӣ онҳоро маҳдуд кардааст?
Саҳмияҳои мо савдову фурӯши кушода доранд. Баъдан, агар онҳо мехоҳанд соҳиби бастаи асосӣ шаванд, биоянд бо авлодашон саҳмияҳоро бихаранд, ин ихтиёри худи онҳост, касе манъ карда наметавонад. Тамоми фаъолият, фурӯши саҳмияҳо ва нигаҳдории онҳо дар «Ориёнбонк» мутобиқи қонуни Тоҷикистон дар бораи ҷамъиятҳои саҳҳомӣ амалӣ мешаванд. Ва ниҳоят «Ориёнбонк» чун дигар бонкҳои ҷумҳурӣ, ки эҳтирому эътибор доранд, аз тафтиши ширкатҳои аудитии мустақил мегузарад. Ба ғайр аз ин, Бонки миллии Тоҷикистон ва идороти молиёти кишвар фаъолияти моро тафтиш мекунанд. Ва то имрӯз онҳо моро муттаҳам накардаанд ва аз вуҷуди чунин як ҳодиса ҳарфе ҳам назадаанд. Ва маълумот дар бораи саҳҳомону сармояи бонки мо дар сайти он вуҷуд дорад ва ҳар шахси иштиёқманд метавонад, дастрас кунад.»
Озодӣ: «Рушди кори «Ориёнбонк» то куҷо ба фаъолияти раиси он бастагӣ дорад?»
Посухи ин савол то андозае ҳам осон ва ҳам душвор аст. Ҳамчун саволи саҳл пиндошта, ҷавоб додан дар он аст, ки роҳбари «Ориёнбонк» дар қатори дигар шаҳрвандони Тоҷикистон аз ҳамон ҳуқуқу озодиҳое бархурдор аст, ки фарз кардем, дигар шаҳрвандони Тоҷикистон доранд. Вале нақши шахсиятро дар таърих ҳанӯз ҳеҷ кас инкор накардааст. Ба ҳар сурат, шумо нағз медонед, ки дар пешрафту нумӯи як бонк таъсири шахсият, нақши ӯ, қобилияту истеъдоди кордониву корчаллонии ӯ мавқеи муҳим дорад. Аз ин нуқтаи назар мавҷуд будани чунин шахсият дар роҳбарияти «Ориёнбонк» нақши хеле созгор ва офаранда дорад. Бо кадом далел? Бо он далел, ки тамоми иқдомоте, ки «Ориёнбонк» дар ҷомеаи бонкдории Тоҷикистон нахустин шуда, оғоз кард: -ин пеш аз ҳама интихоби кадрҳо бо роҳи озмуни кушод, даъвати ширкатҳои аудитии мустақил, коҳиш додани нархи фоизи қарздиҳӣ ба соҳибкорони хурду миёна, ширкат намудани «Ориёнбонк» дар музокирот барои ҷалби сармояҳое, ки ба Тоҷикистон ворид мешавад, ҳамагӣ бевосита ба шахсияти роҳбари «Ориёнбонк» бастагӣ дорад.»
Умеди Давлатзод: «
Озодӣ: «Пайвастани Талко ба сафи муштариёни Шумо то куҷо ба рушди кори бонк мусоидат кардаст?»
Умеди Давлатзод: «Барои чи маҳз Талко?»
Озодӣ: «Ба хотири он ки ин ширкат аз ширкатҳои муваффақ аст.»
Умеди Давлатзод: «Чун шумо медонед, ки ин ширкати муваффақ аст, шояд ҳамчунин медонед, ки аз кай ин гуна комёб шуд?»
Озодӣ: «Бубахшед, манзур ин аст, ки як чунин ширкати муваффақ то куҷо дар рушди фаъолияти бонк мусоидат кардааст?»
Умеди Давлатзод: «Ҳар ширкат, ҳамагуна корхона мутобиқи қонунгузории Тоҷикистон метавонад дар якчанд бонк суратҳисоб дошта бошад. Баъзе аз ширкатҳо, ки тавассути мо хидмат расонида мешаванд, дар дигар бонкҳо низ суратҳисоб доранд. Аслан, мизоҷ назди он бонке меравад, ки хидматрасонии хуб дорад, фоизи камтар дорад, фаврият дорад, амният дорад ва ғайраву ҳоказо. Модоме чунин сифатҳоро «Ориёнбонк» дорад, чаро Талко дар мо хидматгузорӣ нашавад? Баъдан, он ширкате, ки мо имрӯз Талко ном мебарему, пештар заводи арзизи Тоҷикистон ном дошт, замоне, ки суратҳисобашро ба «Ориёнбонк» ирсол дошт, дар сатҳи қарздорӣ буд. Ин чизро метавонед аз иттиллоия, ки ширкати ТалКо пешниҳод кардааст, дарёбед. То як андоза муваффақ шудани «Ориёнбонк» дуруст аст, ки иртибот дорад ба мизоҷони вай.
«Тоҷикайр», Индигову МЛТ ҳам дар мо хидматгузорӣ мешаванд."
Вале имрӯз на танҳо ТалКо, балки дигар ширкатҳо – ширкати Роҳи оҳан, ширкати Барқи тоҷик дар мо хидматгузорӣ мешаванд. «Тоҷикайр» ҳам дар мо ва ҳам дар бонкҳои дигар суратҳисоб дорад. Ҳамчунин, ширкатҳои Индигову МЛТ дар мо хидматгузорӣ мешаванд, ки ҳамзамон дар дигар бонкҳо низ суратҳисоб доранд. Рушди «Ориёнбонк»-ро фақат тавъам кардан ё ки вобаста кардан бо ТалКо нодуруст аст. Ба он хотир, ки ҳар қадаре мизоҷони мо рушд ёбанд, ҳатман бонк рушд мекунад ва ҳар қадаре, ки бонк рушд ёбад , сатҳи сармояи ӯ афзун шавад, сатҳи сандуқи қарзии ӯ афзоиш ёбад, ӯ метавонад барои ба по хестан ва тақвияти фаъолияти мизоҷони худ кӯмакрасон бошад.
Вақте нархи алюминий то 3300 доллар боло рафт, «Ориёнбонк» бурд кард, ин чиз дуруст аст, лекин вақте мо ҳамчун партнёр- коршарик амал мекунем, бурду бохтамон ҳам баробар хоҳад буд. Ва ҳоло ки ин нарх то 1850 коҳиш ёфт, оё зарари ТалКо зарари «Ориёнбонк» намешавад? Вале чунин ақида, ки баъди гузаштани суратҳисоби ТалКо ба Ориёнбонк он рушд пайдо кардааст, иштибоҳ ва хатост. Ба он хотир, ман номбар кардам он ширкатҳое азимеро, ки фарз кардем, ба оқои Асадуллозода ҳам ягон хел иртиботе надоранд, вале онҳо низ рушд карданд.»
Озодӣ: «Дар бораи замони идомаёбии бӯҳрони молиявӣ ҳадсу тахминҳо зада мешавад. Ба фикри шумо, бӯҳрони молиявӣ то кай идома мекунад?»
Умеди Давлатзод: «Аслан пешбинӣ намудану пешгӯӣ кардан на он қадар кори дуруст аст. Мо метавонем пешбинӣ намоем вобаста аз он авомиле, ки таъсиррасонанду мо метавонем таъсири онҳоро то андозае пешбинӣ намоем. Вале боз ҳастанд авомили ғайримунтазирае, ки метавонанд ҳама он пешгӯиҳову тахминҳоеро, ки дар қолаби ин ва ё он формулаи математикӣ мо муайян карда будем, битамом натоиҷи онро ба сифр баранд. Ба ҳар сурат, он гуна, ки таҳлилгарон ва мутахассисон ҳадс мезананд, даври ниҳоии инқироз - ретсессия барои кишварҳое чун Амрико ва кишварҳои аврупоӣ, ки низоми бонкии пурқудрат ва саноати рушдёфта доранд, фикр мекунам, давоми якуним-ду сол ба эътидол ояд. Вале натоиҷ ва пайомади бӯҳрони молиявӣ барои дигар кишварҳо ва аз ҷумла Тоҷикистон то охирҳои соли 2010 боқӣ хоҳад монд.
Ин, албатта, таҳлилҳои шахсии ман аст, ки барои Тоҷикистон дар охири соли 2010 ва барои Амрико ва кишварҳои Иттиҳоди Аврупо аз нимсолаи аввали соли 2009 то як андоза дар баъзе соҳаҳо ҳатто рушд ба чашм мерасад. Гумон мекунам, ки ин ҳама вобаста аст аз тағйироти иқтисод ва сиёсати иқтисодии Ҷумҳурии мардумии Чин. Ин ҷо хеле вобастагӣ вуҷуд дорад ва на танҳо ба минтақаи мо, ба Амрико ва Аврупо низ. Вақте 40 дар сади савдои хориҷии Амрико ба Чин рост меояд ва қисмати зиёди он коғазҳои қимматноке, ки имрӯз нархашон коҳиш ёфтааст, дар дасти Ҷумҳурии мардумии Чин аст ва ҳанӯз ин кишвар ҳеҷ вокунише дар мавриди бӯҳрони молиявии имрӯза нишон надодааст, пешгӯӣ кори душвор аст. Чин дар нисбати бӯҳрони молиявии ҷаҳонӣ то ҳанӯз нақша -чорабиниҳои худро эълом накардааст, ки вобаста аз он мо пешгӯӣ карда тавонем. Қарори Чин то кунун маълум нест ва мо танҳо дар доираи он иттилое, ки дар даст дорем, пешбинӣ карда метавонем.»