Нигаронии Шурои Аврупо аз нақшаи Озарбойҷон

Ниҳоди муътабари ҳуқуқи башари Аврупо аз пешниҳоди Озарбойҷон дар бораи боздоштани пахши барномаҳои радиоҳои хориҷӣ дар ин кишвар изҳори нигаронӣ кард. Террӣ Дэвис-Дабири Кулли Шурои Аврупо дар ҷараёни боздидаш аз Боку аз ин пешниҳод дар бораи қатъи пахши барномаҳои Би Би Си, Садои Амрико ва Озодӣ дар 1-уми январи соли 2009 изҳори таъаҷҷуб кард. Ҳоло дар қаламрави ин кишвари дорои сарвати ғании нафт ягон радиои мустақили маҳаллӣ фаъолият намекунад.