Ахиран, раҳбари оҷонсии энержии атомии Эрон гуфт, ки Теҳрон омода аст дар сурати ҳавасмандии ҳамсояҳои халиҷиаш дар пешбурди тарҳҳои муштараки сохтмони нирӯгоҳҳои ҳастаӣ саҳмгузор бошад. Зимни суханрониаш дар як ҳамоиши байналмилалӣ ва масоили муҳитзистӣ дар Теҳрон Ғуломризо Оғозода пешниҳоди бунёди консорсиумеро дар миёни кишварҳои Халиҷ кард, ки барои бунёд ва пешбурди нирӯгоҳи ҳастаии тавлиди барқ равона шавад. Оғозода гуфт, ки дар сурати дарёфти ризоияти кишварҳои ҳамсоя Теҳрон омода аст як пешниҳоди фарогире ба онҳо ироа кунад. Аммо бо изҳори ин матлаб мақоми эронӣ тафсилоти тарҳҳои ҳастаии навро тавзеҳ надод. Ва мисли ин, то ҳол вокунише аз кишварҳои арабӣ ба даст нарасидааст, ки бигӯяд, кадоме аз кишварҳо омодаанд бо Эрон дар самти, ба гуфтаи ин кишвар, рушди барномаҳои сулҳомези ҳастаӣ ҳамкорӣ кунанд.
Алекс Ватанка, сардабири Janes’ Intelligence Digest, як нашрияи махсуси таҳқиқоти сиёсиву амниятӣ аст. Вай дар як сӯҳбати телефонӣ бо радиои Озодӣ аз Бейрут гуфт, ки изҳороти ахири Теҳрон сирф як иқдоми сиёсӣ ба самти Шӯрои ҳамкориҳои Халиҷ будааст. Ин шӯро як иттиҳодияи иқтисодиву фарҳангист, ки шаш кишвари арабӣ - Баҳрайн, Кувайт, Аммон, Қатар, Арабистони Саъудӣ ва Амороти Муттаҳидаи Арабиро зери як чатр муттаҳид мекунад.
Ҳафтае пеш аз изҳороти Ғуломризо Оғозода як мақоми аршади Саъудӣ, шоҳзода Бин Талол, бародари шоҳи Саъудӣ Абдуллоҳ роҷеъ ба роҳандозии имконияти ҳамкориҳои ҳастаии кишвароҳи Халиҷ бо Ҷумҳурии Исломии Эрон изҳори назар кард.
Ин дар ҳолест, ки бо вуҷуди дар фикри бисёриҳо будани андешаи шурӯи чунин ҳамкориҳо, аммо он ҳеҷ гоҳ ба таври расмӣ ва ҷиддӣ мавриди баррасӣ қарор нагирифта ва зиёда аз ин, аз ҷониби Шӯрои ҳамкориҳои Халиҷ нодида гирифта шудааст. Таҳлилгар Алекс Ватанка гуфт, эҳтимол дорад, ки аз назари бархе аъзои ин шӯро ҳоло фурсати он расидааст, ки тарҳи мазкур бештар боз шуда ва ба он таваҷҷӯҳи зиёдтар зоҳир шавад.
Эрон дорои нирӯгоҳи ҳастаие дар шаҳри Бушеҳр аст, ки бо кӯмаки Русия дар ҳоли бунёд шудан мебошад. Бо таъхири зиёд аммо интизор меравад, ки ниҳоят кори он соли 2009 расман шурӯъ хоҳад шуд.
Алекс Ватанка афзуд, ки ба фарқ аз Эрон кишварҳои Шӯрои ҳамкориҳои Халиҷ ба фанновариҳои ғарбӣ дастрасӣ доранд ва чанд созишномаи ҳамкорӣ бо Эрон доранд, ки аз хатари такроршавии фоҷеаи ҳастаии назири Чернобил дар Бушеҳр ҷилавгирӣ хоҳад кард. Вай гуфт, эҳтимол дорад, ки давлатҳои узви Шӯрои ҳамкориҳои Халиҷ ба ин масъала сирф аз назараи хатари харобшавӣ муносибат кунанд ва бигӯянд: "на бахотири ин ки мо ба эрониҳо кӯмак кардан мехоҳем, балки ба хотири ин ки мо барои худ кӯмак карданӣ ҳастем, то ки аз ҳар гуна тасодумҳо ҷилавгирӣ шуда, имкони пеш омадани фоҷеаҳоро хеле ночиз гардонем ва ё пеши роҳи иштибоҳеро дар Бушеҳр бигирем".
Таҳлилгарон ба ин назаранд, ки ба пешниҳоди Теҳрон ҳоло ба ин наздикиҳо посухе садо нахоҳад дод. Агар аз сӯе масъалаи нигарониҳои ИМА ва Аврупо, муттафиқони кишварҳои аслии арабӣ аз ҷоҳталабиҳои ҳастаии Эрон чун монеаи сиёсӣ арзёбӣ шавад, масъалаи дигар ин аст, ки кишварҳои узви Шӯрои Халиҷ дар миёни худ дар робита бо Эрон иттифоқи назар надоранд.
Аксар кишварҳои муттафиқи Ғарб тахмин мезананд, ки Эрон дар андешаи тавлиди аслиҳаи ҳастаӣ ва аз ин назар хатарзо буда метавонад. Аммо ҳамеша Теҳрон аз мавқеи худ дифоъ карда гуфтааст, ки барномаи ҳастаиаш сирф аҳдофи сулҳомезро дунбол мекунад.