Ширкати чиноии "Zijing Mining" тасмим дорад, барои коркарди тило дар Тоҷикистон 146 миллион доллар сармоягузорӣ кунад.
Дар ин бора сомонаи интернетии чиноии «China Trade Information» хабар додааст.
Ширкати «Zijin Mining» соли гузашта 75 дарсади сиҳоми ширкати тоҷикистонии «Зарафшон»-ро аз ширкати бритониёии «Avocet Mining Plc» харида буд, ки захоири маъдани он 5,6 миллион унс (бештар аз 158 тонна) арзёбӣ мешавад. 25 дарсади саҳмияҳои ширкати «Зарафшон» ба давлати Тоҷикистон тааллуқ дорад.
Ширкати чиноии «Zijin Mining» дуввумин ширкати бузурги истеҳсолкунандаи тило дар Чин ба шумор меравад. Он феълан дорои конҳои тило Муғулистону Перу ва маъдани оҳан дар Ветнам буда, дар садади истеҳсоли қурғошиму руй дар Русия мебошад.