Бузургтарин фоҷеъаи мардуми қазоқ

Донишмандон ва аҳли назари Қазоқистон қаҳтии солҳои 30-юми садаи гузаштаро барои кишварашон бузургтарин фоҷеъа медонанд.

Саёт Ҷонсуғуров, писари адиби маъруф ва муборизи қазоқ Илёс Ҷонсуғуров, бар ин аст, ки мардуми қазоқ тайи садсолаҳо мушкилоти зиёдеро пушти сар карданд, вале чунин фоҷеъаро онҳо надида буданд.

Оқои Ҷонсуғуров мегӯяд, «ҳамагон медонанд, ки барои мардуми қазоқ солҳои 31-32-и садаи гузашта мушкилтарин солҳо буданд ва бар асари қаҳтӣ қариб 50 дарсади мардуми кишвар ҷони худро аз даст доданд ва бархеашон тарки ватан карданд».

Дар натиҷаи қаҳтӣ, ба гуфтаи Дос Кошим, раиси созмони ҷамъиятии «Улт тағдири» ва ё Тақдири миллат, «дар даҳҳо ва садҳо деҳу авули воқеъ дар биёбон танҳо як-ду нафарӣ одам зинда монд».

Адиби қазоқ Бейбит Куйшибоев, ки худ зодаи ноҳияи Шорсу аст, мегӯяд, ноҳияи онҳо соли 1928 дар Қазоқистони марказӣ ташкил гардида буд. Мардуми ин ноҳия ҳангоми қаҳтӣ ба қисмати ҷануб ба вилояти Ҷамбул кӯч бастанд ва он ҷо ноҳияи хешро ташкил карданд. Аз 36 ҳазор аҳолии ноҳия ҳамагӣ 12 ҳазор, яъне сеяки онҳо ба Ҷамбул расиданду бас. Яъне, аз се ду ҳиссаи аҳолӣ нобуд шуданд. Бар илова мардуми ин ноҳия беш аз 1 миллион сар чорво дошт, ки баъдан аз он тақрибан чизе боқӣ намонд.

Вале адиби қазоқ чунин мешуморад, ки қаҳтии солҳои 30-юм фоҷеъаи ягона набуд ва онро метавон ҷамъбаст ва ё нуқтаи олии ҳама он гуруснагиву қаҳтиҳои даврони шӯравӣ, аз ҷумла дар мулки қазоқ, донист. Зеро солҳои аввали инқилоби болшевикӣ, яъне солҳои 1918 ва 1919 ва солҳои 1921 ва 1923, низ дар қаламрави Русия ва маҳдудаи тобеъи он қаҳтиву гуруснагӣ ҳукмрон буд ва ба асари он миллионҳо нафар мардуми қазоқ низ ҷони худро аз даст дода буданд.

Оқои Куйшибоев изҳор мекунад, «то инқилоб нуфуси қазоқҳо беш аз 6 миллион буд ва дар қаҳтиву гуруснагиҳои замони шӯравӣ, бештар аз 4 миллион нафар ҳалок гардиданд. Аз ин хотир, он солҳо солҳои сиёҳи мардуми қазоқ маҳсуб мегарданд».

Вале дар қаҳтии солҳои 30-юми Қазоқистон дақиқан чӣ қадар одамон нобуд шуданд? Ба гуфтаи донишманди қазоқ, профессор Жулдиз Абилхожин - пажӯҳишгари Пажӯҳишгоҳи таърих ва мардумшиносии ба номи Чокан Валихонов, дар ин маврид рақамҳои гуногун мавҷуданд ва аҳли назар онро аз 1 то 3 миллион нафар меҳисобанд.

Донишманди қазоқ мегӯяд, «қаҳтии солҳои 1931-32-и садаи гузашта басо миқёси бузургро фаро гирифта буд ва аз ин рӯ онро мо фоҷеъаи Қазоқистон меномем. Зеро агар арқоми мутлақро дар маҳдудаи Шӯравӣ бигирем, дар Укроин беш аз 4 миллион нафар аз қаҳтӣ ҳалок шуданд ва шумораи ҳалокшудагонро дар Русия анқариб 2 миллион нафар мегӯянд. Дар Қазоқистон аз қаҳтӣ 1 миллиону 250 ҳазор нафар ва бо шумораи ашхоси ҳангоми муҳоҷират фавтида, анқариб 2 миллион кас нобуд шуданд. Вале ҳамон замон Қазоқистон беш аз 4 миллион аҳолӣ дошт ва шумораи ҳалокшудагон дар он замон беш аз 40 дарсади аҳолии кишварро ташкил медиҳад, ки ин фоҷеъаи басо бузург дар маҳдудаи Шӯравӣ буд».

Дос Кошим, сарвари созмони ҷамъиятии «Улт тағдирӣ», низ ин нуктаро ҷонибдорӣ мекунад ва мегӯяд, «барои қазоқҳо ин фоҷеъа, агар онро бо фоҷеъаи Ҳолокост ва Голодомори Укроин муқоиса кунем, он боз ҳам мудҳиштар аст».

Дар он солҳо, ба гуфтаи ҳамсӯҳбатони мо, чорвои кишвар низ қир шуд ва аз 40- 50 миллион сар чорво дар Қазоқистон ба миқдори басо кам боқӣ монд. Вале чаро он солҳо гуруснагӣ тақрибан дар ҳама ҷои шӯравии собиқ рух доду аммо оқибатҳои он дар ин кишвар басо фаҷеҳтар аст? Таърихшинос, профессор Жулдуз Абилхожин мегӯяд, «ин пеш аз ҳама ба сиёсати комилан ғалати замони сталинӣ бастагӣ дорад. Зеро соли 1925 ҳукумати Шӯравӣ барои рушди иқтисоди кишвар ба сиёсати саноатисозии шӯравӣ оғоз кард. Барои пиёда кардани ин сиёсат маблағи бузурге зарур буд. Сандуқи давлат бошад, тиҳӣ буд ва он барои бунёди корхонаҳои бузурги саноатӣ даст ба ҷайби мардум зад ва ҳадафи коллективонӣ ё ташкили колхозу совхозҳо ва хоҷагиҳои дастаҷамъӣ ҳамин буд. Ба асари ин сиёсат аз мардум маблағ ва молу мулки барзиёдашонро зӯран гирифтанд ва худи сарватмандонро кулак эълон карда, ба Сибир бадарға намуданд».

Вай меафзояд, «дар натиҷа, ҳама молу мулки сарватмандони қазоқ, онҳое, ки ҳазорҳо чорво доштанд, мусодира гардиданд ва дар деҳу авулҳо фақат бечорагон бо чанд сар мол боқӣ монданд. Ва он чанд сар мол барояшон ба чанд моҳ кифоят карду бас. Аз сӯи дигар, ҳукумати Шӯравӣ хост, ки дар даштҳои паҳновари қазоқ киштзорҳо ба вуҷуд оварад ва мардуми якумр кӯчии қазоқро ба деҳқону кишоварз табдил диҳад. Дар натиҷа, мардуми қазоқ ҳам чорвои бешуморашонро аз даст доданду ҳам натавонистанд, ки якбора ба тарзи нави зиндагӣ одат кунанд ва онон чун аз сарвати асосиашон чорво маҳрум гашта буданд, дигар чизе надоштанд, ки дар қаҳтии шадиди он солҳо дастгирашон гардад».

Бо назардошти миқёси бузурги фоҷеъа бисёр донишмандон ва аҳли назари кишвар қаҳтии солҳои сиюмро генотсиди мардуми қазоқ арзёбӣ мекунанд. Аз ҷумла, сарвари созмони ҷамъиятии «Улт тағдирӣ» чунин андеша дорад. Дос Кошим мегӯяд, «ман чунин меҳисобам, ки қаҳтии солҳои сиюм дар Қазоқистон генотсиди ҳақиқӣ буд, ки на аз ҷониби русҳо, тавре бархеҳо чунин мешуморанд, балки аз сӯи болшевикҳо роҳандозӣ шуда буд».

Сарвари созмони ҷамъиятии «Улт тағдирӣ» бар пояи пажӯҳиш ва мушоҳидаҳои рӯйдоди он солҳо ба чунин хулоса расидааст, ки ин қаҳтиро болшевикон созмон ва ҳам тарҳрезӣ карда буданд.

Вале профессор Жулдуз Абилхожин ба ин нукта чандон розӣ нест. Ба андешаи торихшинос, «генотсид, тибқи ҳуҷҷатҳои Созмони Милали Муттаҳид, амалест, ки режим амдан барои саросар нест кардани мардум барои ақидаҳои сиёсӣ, мазҳабӣ ,миллӣ, синфӣ, минтақавӣ ва иҷтимоиашон пиёда мекунад. Вале он қаҳтиро болшевикон амдан барои нест кардани мардум роҳандозӣ накарда буданд ва он ба асари ғалатҳои фоҳиши режими сталинӣ рух дод ва ин ҳам, ба таъкиди донишманд Абилхожин, як навъ геноситсиди режим алайҳи мардум аст.

Ба гуфтаи таърихшинос, «ин рӯйдод маҳсули мантиқ ва табиати он система аст ва дастзании режими сталинӣ ба роҳҳои ғайрииқтисодии иҷборӣ ва даст кашидан аз иқтисоду бозор ва моликияти хусусӣ боиси қаҳтӣ гардид ва метавон инро генотсид арзёбӣ кард. Зеро дар ҳуҷҷати СММ аз соли 1946 омадааст, агар ягон режим ба мардум арзишҳои барояш бегонаро ҷабран бор кунад ва системаи маъмулро шикаста, роҳи нави гӯё пешрафтаи хешро пешниҳод кунад ва ин таҷриба боиси қурбонии саросарӣ шавад, ин генотсид аст. Аз ин хотир метавон гуфт, ки режими сталинӣ худ ҳарчанд хоҳони ин набуд, вале чунон сиёсатеро пиёда кард, ки он бо генотсид анҷом ёфт».

Сиёсатмадор Дос Кошим нуктаи дигаррро таъкид мекунад. Ба гуфтаи ӯ, таъсири номатлуби қаҳтӣ ва генотсиди мардум то ба ҳол эҳсос мегардад ва яке аз нишонаҳои он мушкилоти демографии кишвар аст, ки дар чунин кишвари паҳновар алъон ҳамагӣ 15 миллион аҳолӣ ба сар мебарад.

Ҳамсӯҳбатони мо мегӯянд, ки ҳар сол рӯшанфикрони кишвар ғолибан 31 май аз қурбониёни ин фоҷеъаи миллӣ ёд мекунанд ва дар баъзе шаҳру ноҳияҳои кишвар лавҳаҳои ёдгорӣ ба хотираи он қурбониён гузошта шудаанд. Адибону донишмандон низ дар бораи ин саҳифаи сиёҳи торихи кишвар асарҳо эҷод кардаанд. Аз ҷумла, адиби маъруф Илёс Ҷонсуғуров асаре бо номи «Шаҳри яхин» эҷод карда, дар он ба таври рамзӣ он сиёсати барғалати системаи столиниро, ки мулҷар ба қаҳтӣ гардид, нишон дода буд. Вале ин асар то ҳол рӯи чопро надидааст. Тавре Бейбит Куйшибоев, адиб ва сарвари Ҷамъияти довталабонаи торихиву маърифатӣ ва ҳифзи ҳуқуқ бо номи «Адолат», таъкид мекунад, дар Қазоқистон низ чун дар Укроин бояд соли 1932- ро чун соли қаҳтӣ ва қурбонии мардум дар сатҳи давлатӣ ҳар сол ёд кунанд ва бояд рӯзи 31-майро рӯзи хотираи ҳалокшудагони он фоҷиаи замони сталинӣ эълон намоянд.