Ёде аз қаҳтии солҳои 30-юм дар Тоҷикистон

Шумори дақиқи қурбониёни қаҳтии солҳои 30-юм дар Тоҷикистон то ҳол маълум нест

Ҳафиза Ғоибназарова, як зани солманд ва сокини Душанбе, шоҳиди бевоситаи таърихи сад соли ахир аст.

Вай мегӯяд, то ин муддат се давраи гуруснагӣ ва чор қаҳтиро бо чашми сар дида, азияташонро кашидааст. Аммо, ба таъкиди ӯ, дар ин таърих қаҳтии солҳои 1932 ва 33-юм беназир буд.

Хонум Ҳафиза мегӯяд, ин гуруснагии шадид шаш моҳ идома дошт ва мардум барои хӯрдан ҳатто як бурида нон пайдо карда наметавонистанд: “Тамоман орду нон набуд. Фақат баъди шаш моҳ рӯйи нонро дидем. Баъзе одамон кунҷора мехӯрданд ва мемурданд. Кадуву караму лаблабуро ҳам ҷӯшонида мехӯрданд. Баъди пайдо шудани нон ҳам бисёр одамон мурданд, чунки ҳамон гуруснагӣ таъсиргузор буд”.

Хонум Ҳафиза мегӯяд, баёни ин ҳама таърих осон нест. Зеро баробари ба хотир овардани он ашк ногаҳонӣ аз чашм мешораду рӯзҳои сахту сангин ба ёд меояд. Ба гуфтаи ин зани солманд, он замон аз гуруснагӣ бештари мардум ҷон додаанд ва тақрибан ҳамарӯза яз хонаҳои мардум тобут берун мешуд. Хонум Ҳафиза мегӯяд, аксари ин фавтидагон дар ҳасрати як бурида нон ҷон дода буданд: “Бовар мекунед, аз сад одам як зинда мемонд. Аз гуруснагӣ бисёриҳо мурданд. Одаме, ки шикамаш гурусна бошад ва ҳич чиз нахӯрад, чи мешавад, мемурад-дия. Ҳар рӯз чор-панҷ мурдаро мегӯрониданд.”

Хонум Ҳафиза мегӯяд, мардум бо шиками гурусна ва ба умеди ба даст овардани як бурида нон аз субҳ то шом дар саҳро кор мекарданд. Вай афзуд, ҳатто замоне шуд, ки мардум барои як пора нони ҷавин меҳнат мекарданд ва барои зинда мондан дар саҳрои пахта мубориза мебурданд: “Аз субҳ то шом кор мекардем. Як рӯз ба кор намерафтем, раис ба суроғамон меомад. Баъдан, аз куҷое барои мо ду халта орди ҷавин оварданд. Ин орди ҷавинро атола мепухтанд ва дар нисфирӯзиҳо барои мо як пиёлагӣ медоданд. Барои ҳамин атола дар саҳрои пахта кор мекардем”.

Ҳафиза Ғоибназарова мегӯяд, қурбонии гуруснагии оғози солҳои сиюм аксаран занону кӯдакон буданд. Бо ишора ба ин давраи мушкили зиндагияш вай афзуд, ҳоло нон агарчи қиммати баланд дорад, аммо беарзиш шудааст. Ба гуфтаи ӯ, кам касоне ёфт мешаванд, ки ба қадри нон мерасанд ва онро азиз медоранд.

Вале барои ӯ ҳар як резаи нон сарват аст ва маънии зиндаву саломат буданро дорад. Зеро ҳанӯз ҳам аз димоғаш бӯйи гуруснагиҳо нарафтааст ва мегӯяд, ин даҳшат метавонад ҳар лаҳза дари инсонҳоро кӯбад ва инсонҳоро боз ба коми марг кашад.