Қаҳтие, ки ҷони миллионҳо мардумро рабуд

Бар асари қаҳтии солҳои 30-юм танҳо дар Укроин беш аз 3 миллион нафар мурдааст

Русия барои нахустин бор асноди бойгонӣ дар бораи қаҳтии солҳои 30-юми қарни гузаштаро дар маърази намоиш гузошт. Ва аммо теъдоди қурбониёни ин фоҷеъа дар Тоҷикистон то ҳанӯз пушти пардаи асрор ниҳон аст.

Варақаҳои бо гузашти айём зардгашта бо навиштаҷоти қариб ноаён , ки рӯяшон мӯҳрҳои сиррӣ зада шудаанд. Варақаҳо бо ному насаби ҳазорон сокинони муқими деҳоти Укроин, Кубан, Дон, Урал, Сибир, Қазоқистон ва Осиёи Марказӣ, ки қаҳтии зимистони солҳои 1932 ва 1933 ба риштаи умрашон миқроз задааст. Дар баъзе аз ин авроқ ному насаби кулли хонавода ваё ҳама мардуми як деҳа сабт шудааст…

Ин ҳама аснод аз бойгонӣ ва далоили қаҳтии авоили солҳои 30-юми қарни гузашта дар Шӯравии собиқ барои нахустин бор дар чаҳорчӯби як конфронси байнулмилалӣ дар Маскав дар маърази намоиш гузошта шудааст. Бархе аз навиштаҷоти ин аснод бо коғазпораҳо рӯпӯш шудааст. Кормандони Бойгониии давлатии иқтисодии Русия мегӯянд, онҳо ба ин васила далелҳои зиёди одамхурӣ, ному насаби қурбониён ва он афродеро пинҳон кардаанд, ки маҳз тавассути хурдани гӯшти ҳамҷинсҳои худ ҷон ба саломат бурдаанд.

75 сол қабл дар Иттиҳоди Шӯравӣ бар асари қаҳтии шадид дар чанд моҳи зимистон, тибқи иттилоъи Оҷонси бойгонии федеролии Русия, тақрибан 7 миллион нафар, асосан мардуми деҳот, ба ҳалокат расиданд. Масъулини ин Оҷонс мегӯянд, ки аз ин фоҷеъа аз ҳама бештар - тақрибан 3 миллион нафар - сокинони Укроин ва тақрибан як ним миллион мардуми деҳоти Қазоқистон олами рушанро тарк гуфтааст.

Ва аммо аз он рӯзҳои наҳс қариб ки ягон аксе ба чашм намерасад. Раиси Бойгониии давлатии иқтисодии Русия Елена Тюрина мегӯяд, ки мақомоти вақти шӯравӣ ба хотири рӯпӯш кардани ҳақиқат дар бораи ташкили колхозҳо ҳама аксҳои марбут ба боздошту қатли “кулак”-ҳо ё заминдорҳо ва ҳалокати мардум аз гуруснагии он солҳоро аз байн бурда ва фақат аксҳо бо чеҳраҳои бозу хандонро ҳифз кардаанд. Елена Тюрина меафзояд, аз қаҳтии солҳои сиюм фақат аксҳои пинҳонӣ дар Харков бардоштаи як муҳандиси хориҷӣ боқӣ мондаанду халос.

Гуфта мешавад, теъдоди дақиқи қурбониёни қаҳтии солҳои сиюм маълум нест ва муаррихону сиёсатмадорон дар матолиби худ арқоми гуногунро меоваранд, аз ҷумла, муаррихони Укроин ва раисиҷумҳур Виктор Юшенко мутмаинанд, ки бар асари ин қаҳтӣ дар кишвар 16 миллион нафар ба ҳалокат расидаанд. Ба гуфтаи сарвари Укроин, голодомор ё қаҳтии солҳои сиюм - як амали тарҳрезишудаи мақомоти шӯравӣ ба хотири нобудсозии он укроиниҳое буд, ки ба коллективисозӣ ва таъсиси колхозҳо мухолифат мекарданд.

Ва аммо қаҳтии солҳои 30-юм дар кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла, дар Тоҷикистон чӣ паёмаде дошт? Муаррихон мегӯянд, ки дар солҳои аввали таъсиси колхозҳо дар Тоҷикистон ҳам ҳазорҳо нафар ба ҳалокат расиданд. Ва теъдоди бузургашон бар асари гуруснагии шадид, зеро гандуми захирашудаи мардум комилан мусодира гардид.

Раҳматуллоҳи Абдулло, номзади илмҳои таърих ва корманди Пажуҳишгоҳи ховаршиносии Тоҷикистон мегӯяд, ки мутаассифона, ин давраи замони шӯравии Тоҷикистон ва гуруснавгии солҳои сиюм ҳанӯз пажуҳиш нашудааст: «Дар мавриди он қаҳтӣ, ки, зимнан, миёни мардум низ чун қаҳтӣ ёд мешавад, мавод хело зиёд аст ва бештари ин мавод дар бойгониҳои собиқ мақомоти давлатии шӯравӣ ва аз ҷумла Тоҷикистони шӯравӣ маҳфузанд. Вале, мутаассифона, то ҳанӯз ин мавзӯъ дар Тоҷикистон мавриди таҳқиқи ҷиддӣ қарор нагирифтааст».

Раҳматуллоҳи Абдуллоҳ меафзояд, аслан вазъ дар Осиёи Марказӣ аз дигар манотиқи шӯравии собиқ каме тафовут дошт, зеро мардум қарнҳо аз алафу гиёҳҳо ва меваҷот истифода мекарданд ва ба ин васила аз гуруснагӣ наҷот меёфтанд. Ба гуфтаи пажуҳишгари тоҷик, таҳқиқи ҳаводиси он солҳо ва се гуруснагии мудҳиш дар Тоҷикистон – гуруснагии солҳои сиюм, гуруснагии солҳои ҷанг ва гуруснагии замони ҷанги шаҳрвандӣ, яъне солҳои 90-ум тақозои замон аст, зеро теъдоди афроде, ки ду ҳодисаи мудҳиши тақрибан 70 соли пешро каму беш ёд доранд, рӯз то рӯз коҳиш меёбад.

Раҳматуллоҳи Абдулло мегӯяд, ки худи ӯ аз гуруснагии солҳои сиюм ва даврони ҷанги дуввуми ҷаҳон аз волидайнаш қиссаҳои зиёде шунидааст: «Дар мавриди қаҳтӣ ман аз падарам ва бобоям иттилоъи зиёд гирифтаам ва аз ҷумла падарам, ки баъд аз баргаштан аз ҷабҳа дар кӯҳистони Тоҷикистон дар маснадҳои гуногун дар колхозҳо кор кардааст, дар ин бора қиссаҳои зиёд мекард. Масалан, як шахсе бо номи Муллоумар замони ҷанг, вақте, ки мардум аз гуруснагӣ мефавтиданд, дар яке аз ҷаласаҳо ҷуръат ба эътироз карда гуфтааст, ки “охир, дар анбори колхоз гандум хело зиёд аст, вале чаро мардум аз қаҳтӣ мемиранд ва чаро ба мардум гандум намедиҳанд”. Барои ин суханҳо ӯ бандӣ мешавад ва чандин солро дар зиндон сипарӣ мекунад».

Даҳшати гуруснагии солҳои сиюм ва даврони ҷанг то ҳанӯз аз ёди бархе аз мӯйсафедон зудуда нашудааст. Бобо, як сокини деҳаи Тагноби ноҳияи Ҳамадонӣ мегӯяд, ки он солҳои қаҳтӣ дар манзилашон, ба истилоҳ, гарди орд набуд ва кудакон баъди мактаб фақат дар ҷустуҷӯи алафу гиёҳҳо буданд: «Гуруснагии хело сахт буд, он вақтҳо мо дар синфи як мехондем. Охирҳои баҳор мардум бо бригадаҳову хешу ақрабо ба Тагобу Шӯробдара мерафтанд он ҷо тут барвақт мепӯхт ва ҷонашон медамид. Мо чанд талаба ба як бармоли пеши мактаб мерафтем ва қоқуву алафу гиёҳҳову решаҳоро ёфта мехурдем».

Раҳматулоҳи Абдуллоҳ, донишманди тоҷик, мегӯяд, дар таҳқиқи ин саҳифаҳои сафеди китоби таърихи тоҷик набояд истихора кард, бояд дари бойгониҳо ҳарчӣ зудтар боз ва далелҳову шаҳодатҳои он солҳо ҷамъоварӣ шавад, ба вижа, ки теъдоди шоҳидони он рӯзҳо торафт коҳиш меёбад. Ӯ меафзояд, ки таърих омӯзгор аст ва агар аз он ҳаводис наомӯзем, аз такрори қаҳтӣ ва гуруснагиҳо дар оянда ҷилавгирӣ кардан басо мушкил хоҳад шуд.