Номаи Тӯраҷонзода ба вазири маориф

Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода, узви Маҷлиси миллии Тоҷикистон ва рӯҳонии маъруф бо як номаи кушода аз масъулони маорифи кишвар хостааст, то қисмате аз китобҳои дарсии мактабӣ, ки ба Ислом марбутанд, бознигарӣ шаванд.

Ин нома унвонии Абдуҷаббор Раҳмонов, вазири маорифи Тоҷикистон ва Саймурод Фаттоев, мушовири давлатии раисҷумҳур нашр шудааст. Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода, ки номаи бозаш дар нашрияи маҳаллии «Нигоҳ» чоп шудааст, гуфтааст, «дидгоҳи аксари муаллифони китобҳои дарсии мактабӣ ба масоили марбут ба Ислом ва арзишҳои исломӣ асосан ғайрикасбӣ, ғайриилмӣ, таҳрифшуда ва дар аксари мавридҳо ғаразнок, тӯҳматомез, зиддиисломӣ ва тақҳиромез мебошад.»

Оқои Тӯраҷонзода дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, «ба ин шакл таълим додани ин масъалаҳо боиси дар зеҳни хонандагони мактабҳо эҷод шудани шакку нобоварӣ нисбат ба дини Ислом ва ба таври ошкоро ба инҳироф кашидан ва заҳролуд намудани зеҳни фарзандони мардуми мусалмони тоҷик мегардад».

Абдуҷаббор Раҳмонов, вазири маорифи Тоҷикистон

Вале ҳамзамон вазири маорифи Тоҷикистон Абдуҷаббор Раҳмонов дар робита ба номаи Ҳоҷӣ Акбар Тураҷонзода гуфтааст, бо ин даъвои ӯ розӣ нест. Ба гуфтаи вазири маориф, мавзӯъҳои динӣ дар китобҳои дарсӣ таҳти назари олимони рӯҳонии кишвар таҳия мешавад.

Бо таваҷҷӯҳ ба вазъияти мавҷуда дар масъалаи мазкур оқои Тӯраҷонзода чанд пешниҳод кардааст. Ин пешниҳодоти ӯ ва дидгоҳаш ба мушкилоти марбут ба Ислом ва маорифи Тоҷикистон дар сӯҳбати пуррааш бо Радиои Озодӣ дар соатҳои наздиктарин тақдим мешавад.