Таваррум дар Тоҷикистон ба 13,1% расидааст

Кумитаи давлатии омори Тоҷикистон хабар дод, ки сатҳи таваррум дар кишвар дар даҳ моҳи гузашта 13,1 дарсадро ташкил додааст. Ҳамзамон ин манбаъ гуфтааст, суръати таваррум ё беқурбшавии пул бар асари болоравии нархҳо назар ба соли гузашта 0,11 дарсад коҳиш ёфтааст. Ин дар ҳолест, ки ниҳодҳои молии байнулмилалӣ эҳтимоли ҷаҳиши сатҳи таваррумро дар Тоҷикистон имконпазир медонанд.