Қатли чаҳор ҷангӣ дар Афғонистон

Эътилофи ба раҳбарии ИМА дар Афғонистон имрӯз гуфт, ки сарбозони онҳо дар ҷараёни амалиёте дар шарқи кишвар вилояти Пактиё чаҳор ҷангии марбут ба Ал-Қоидаро ба ҳалокат расониданд. Дар изҳороти низомиёни амрикоӣ гуфта мешавад, ки ҷангиёни хориҷӣ дар Пактиё рӯзи панҷшанбе кушта шуданд. Гузориши мазкур ҳуввияти ҷангиёнро ошкор намекунад.