Ин гурӯҳи ду ҳазорнафари муташаккил аз кормандони пулис, додгоҳ ва гумрук бояд масъулиятҳои дафтари Созмони Милал дар Косоворо бар ӯҳда бигирад, ки аз соли 1999 Косоворо ба ҳайси як вилояти Сербистон идора мекард.
Аммо ирсоли гурӯҳи Иттиҳоди Аврупо таҳти суол қарор гирифтааст, зеро мақомоти Созмони Милал вазифаҳои маъмурияти Иттиҳоди Аврупоро каме тағйир додаанд, ки зоҳиран як навъ гузаште барои Сербистон аст. Ин кишвар ҳанӯз ҳам Косоворо як вилояти худ мешуморад ва истиқлоли онро эътироф накардааст.
Чун дар шимоли Косово – аққалиятҳои серб ҳам зиёд ба сар мебаранд, Бан Ки Мун – дабири кулли Созмони Милал пешниҳод кардааст, то фармондеҳии нерӯҳои пулиси Косоворо душохаӣ бошад. Яъне, нерӯҳои пулиси Косово таҳти назари Иттиҳоди Аврупо фаъолият кунанд ва фаъолияти пулиси Сербистон дар маҳалҳои сербнишини Косово таҳти назари дафтари Созмони Милал бошад. Ин пешниҳоди Созмони Милалро мақомоти албании Косово “ғайри қобили қабул” хонда ва гуфтаанд, ки он пешниҳод истиқлоли ларзонак ва тамомияти арзии Косоворо халалдор мекунад. Аммо кишварҳои ғарбӣ аз ҳукумати Косово хостаанд, то пешниҳодро бипазирад ва агар ҷонибҳо ба созиш нарасанд, ирсоли гурӯҳи Иттиҳоди Аврупо то моҳи декабр ба хатар рӯ ба рӯ мешавад.
Пешниҳоди нав як пирӯзии стратегӣ барои Сербистон аст, ки истиқлолияти Косоворо намепазирад ва ба фаъолияти дафтари Созмони Милал дар Косоворо ҳамчун “ниҳоди бетараф” бартарӣ медиҳад.
Дорис Пак - узви порлумони Аврупо ва раиси Кумиссиёни порлумон барои Балкани ҷанубу ғарбӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, маъмурияти Иттиҳоди Аврупо манофеъи сербҳои Косоворо ҳам ҳимоят мекунад ва аз ин хотир Сербистон набояд ба он мухолиф бошад.
Мақомоти расмии Косово мегӯянд, боқӣ гузоштани баъзе аз масъулиятҳо бар ӯҳдаи дафтари Созмони Милал, тамоми ҳукумати Косоворо, таҳти нуфузи Русия қарор хоҳад дод, ки узви доимии Шӯрои Амнияти Созмони Милал буда, тарафдори Сербистон ва мухолифи истиқлолияти Косово аст. Қарор буд, пешниҳодоти дабири кулли Созмони Милал Бан Ки Мун дар ҷаласаи Шӯрои Амният рӯзи 11 ноябр баррасӣ шавад, аммо баъди дархости ду узви доимии шӯро, ки аз онҳо ном бурда нашудааст, ин нишастро то рӯзи 14 ноябр ба таъхир андохтанд.