Бар асоси ин барнома, дар кори обёрии заминҳо бояд соҳибкорону кишоварзони маҳаллӣ ҷалб шаванд.
Шодӣ Мусоев, раиси кумитаи заминсозии вилояти Хатлон, гуфт, вазъи мелиоративии беш аз 23 000 ҳектор заминҳои корам дар вилояти Хатлон баду нигаронкунанда шудааст.
Ҳар сол аз буҷаи навоҳии Хатлон барои беҳсозии авзои мелиоративии заминҳо 500 000 сомонӣ ихтисос дода мешавад, аммо, ба ақидаи коршиносони соҳа, бо ин пули кам беҳтар кардани вазъи обёрии 23 000 ҳектор замин солҳо тӯл хоҳад кашид. Ба қавли Шодӣ Мусоев, барои беҳтар кардани вазъи заминҳои шӯрзадаву боир беш аз 2 миллион сомонӣ зарур аст, ки дарёфти чунин маблағ аз буҷаи ноҳияҳо амрест маҳол.
Масъулони Кумитаи заминсозии вилояти Хатлон талош доранд, ҷиҳати мавриди обёриву истифода қарор гирифтани заминҳои боир сармоягузорони дохилиро барои таъсиси хоҷагиҳои кишоварзӣ ва ёрирасон ҷалб намоянд. Оқои Мусоев мегӯяд, ки бо ворид шудани дархост аз ҷониби сармоягузорони ватанӣ Кумитаи заминсозӣ масъалаи таҳияи санадҳои лозима ва ихтисоси қитъаҳои заминро бо мувофиқаи ҳукуматҳои маҳаллии шаҳру навоҳии Хатлон матраҳ хоҳад кард.
Ҳамзамон шахсони хоҳишманд баъд аз гирифтани заминҳои боиру шӯрзада, ба муддати 5 сол аз пардохти молиёт озод мешаванд.
Дар ҳамин ҳол, ҷиҳати таъминоти аҳолӣ бо меваву сабзиҷот дар мавсими сармо Кумитаи заминсозии Хатлон омода аст ба афроде, ки моил ба бунёди гармхонаҳо барои парвариши маҳсулоти кишоварзӣ ҳастанд, аз мавзеъҳои барояшон мувофиқ то 2 ҳектор замин ҷудо кунад.
Дар ҳоле ки бархе аз коршиносон мегӯянд, дар сурати иҷро шудани тарҳи ҷадиди Кумитаи заминсози Хатлон, ки мехоҳад ба воситаи тақсими заминҳои боиру шӯрзада ба аҳолӣ вазъи мелиоративии онҳоро беҳсозӣ кунад, имкон дорад мизони муҳоҷирати кории берун аз кишвар коҳиш биёбад. Ба тахмини таҳлилгарони масоъили кишоварзӣ ва шуғли аҳолӣ, агар ҳамаи 23 000 ҳектор замин барои истифода ба сокинони маҳаллӣ дода шавад, шароити таъмини беш аз 40 000 нафар бо ҷойҳои корӣ муҳайё мешавад.
Ин ҳам дар ҳолест, ки бархе дигар аз коршиносон, назири иқтисоддон Юсуфи Азиз, ба иҷрои бомуваффақи тарҳи нави Кумитаи заминсозии вилоят эътимоди қавӣ надоранд. Ба қавли оқои Азиз, дар шароити афзоиши аҳолӣ ва шадидтар шудани мушкили манзил бахши аъзами заминҳои шӯрзадаву боир, ба эҳтимоли қавӣ, барои сохтмони манозили зист истифода хоҳанд шуд, на обёрӣ ва кишту кор. Зимнан, гуфт ӯ, шароити дигар барои ривоҷи коррупсия ба миён меояд, зеро таври маълум, ба даст овардани санади лозим оид ба ҳуқуқи истифода замин дар Хатлон кори саҳл нест ва ба шаҳрвандони қаторӣ камтар даст медиҳад.
Оқои Азиз инчунин мегӯяд, дар ҳоле ки имсол беш аз 500 ҳектор замини обӣ ва қобили кишт аз кишт бозмондааст, обёрӣ кардани беш аз 23 000 ҳектор замини шӯрзадаву партобӣ хеле мушкил аст.
Ба ҳисоби таҳлилгарон, барои обёрӣ кардани танҳо 1 ҳектор замини бекорхобидаи Хатлон тақрибан 4 000 доллари амрикоӣ лозим меояд.
Масалан, шарҳ медиҳад ӯ, барои обёрии 2 500 ҳектор замини бекорхобидаи ноҳияи Данғара 10 миллион доллари амрикоӣ масраф шудааст, ва акнун мақомот қасд доранд барои азхудкунии заминҳои ҷануби Тоҷикистон боз садҳо миллион доллари сармоягузорони хориҷиро ҷалб бикунанд.