Ҳукумати ИМА бар ин аст, ки ин иқдом мухолифи тамоми таъаҳудҳои байнулмилалии Эрон мебошад.
Ин мавқеъи Кохи Сафедро сухангӯи он Гордон Ҷондро дар як нишасти матбуъотӣ эълом дошт. Ба мақомоти Эрон ҳушдор дода шуд, ки аз анҷоми озмоишҳои ҳамсон дар оянда худдорӣ шавад.
Ин изҳороти Кохи сафед дар посух ба эъломияи ҷониби эронӣ садо дод, ки ахиран аз партоби бомуваффақияти мушаки “Сиҷил” иттилоъ дода буд. Бино бар хабарҳо, ин мушак қобилияти парвоз ба масофаи 2 000 километрро дорад ва дар ҳоли зарурӣ метавонад Исроилро мавриди ҳадафи худ қарор диҳад.
Вазири дифоъи Эрон Мустафо Муҳаммади Наҷҷор гуфтааст, ки мушаки насли нави замин ба замин “Сиҷил” мушаки думарҳалаӣ мебошад ва муҳаррикаш аз сӯзишвории сахт истифода мекунад. Ин мушак, ба эъломи ҷониби эронӣ, дар муқоиса бо мушаки “Шаҳоб-3” нишонро дақиқтар мавриди ҳадаф қарор медиҳад ва ба ҳамин хотир қобилиятҳои хеле баландро дорост. Бо вуҷуди ин, Муҳаммади Наҷҷор афзуд, ки ин мушак танҳо бо мақсади дифоъ истеҳсол шудааст.
Озмоиши мушаки “Сиҷил” ҳамагӣ як рӯз баъд аз он амалӣ гашт, ки аз тарафи Сипоҳи посдорони инқилоби Эрон дар наздикии марз бо Ироқ партоби озмоишии “Сомин”, навъи дигари мушак, ки анҷом дода шудааст.
Озмоиши мушаки нав дар ҳоле сурат гирифт, ки муноқишаҳо дар атрофи барномаи баҳсбарангези ҳасатии Эрон ҳамоно идома доранд. ИМА ва муттаҳидони он изҳори нигаронӣ мекунанд, ки Теҳрон дар зери пардаи барномаи осоиштаи ҳастаӣ кӯшиш мекунад ба тавлиди силоҳи атомӣ даст ёбад. Ин ҳам дар ҳолест, ки Эрон ҳамаи ин иттиҳомотро қотеъона рад мекунад.
Раиси Ожонси байнулмилалии нерӯи ҳастаии СММ Муҳаммад ал-Бародаӣ зимни суханрониаш дар Прага дар робита ба баронами атомии Теҳрон чунин гуфт: “Ман бар инам, ки дар айни ҳол мо дар бунбаст қарор дорем. Ба назарам, то ҷонибҳои гуфтушунуд сиёсати кушодаро рӯи даст нагиранд, дар мавзӯъи Эрон пешрави нахоҳем кард. Ҳамин тавр, сиёсати боз Эронро водор мекунад, ки бо мо ҳамкорӣ кунад ва масъалаҳои боқимондаи фанниро ифшо намояд”.