Ин мусобиқа беҳтарин шоҳмотбозони ҷаҳонро дар Алмаато гирд оварда буд, ки дар байни онҳо қаҳрамонҳои ҷаҳон оид ба ин навъи мусобиқа дар солҳои 2007 ва 2006 Василий Иванчук ва Александр Гришук, ҳамчунин шоҳмотбозони машҳури Маҷористон Юдит Полгар, шоҳмотбози озарбойҷонӣ Темур Раҷабов ва Нуртас Кажгалиеви қазоқ буданд.
Мусобиқа ба таври даврӣ дар 15 давр доир гардид. Ағлаби ҳаводорони шоҳмот интизор буданд, ки ин дафъа низ шоҳмотбозони Русия чун ду соли ахир муваффақона ҳунарнамоӣ хоҳанд кард. Вале ғайричашмдошти мухлисон аз оғоз гроссмейстери кубагӣ Ленер Домингес Перес бозии зуб нишон дода, дар 8 бозӣ пирӯз шуд ва 7 бозиро мусовӣ анҷом дода, бо касби 11, 5 имтиёз мақоми аввалро соҳиб шуд.
Василий Иванчук дар нимаи дуюми мусобиқа беҳтар ҳунарнамоӣ карда, мақоми дуюмро ба даст овард. Александр Гришук ва Петр Свидлер ҳарду 10 имтиёзӣ гирифтанд, вале чун дар мусобиқаи фардӣ Свидлер пирӯз шуда буд, вай ҷои сеюмро соҳиб гардид. Ғолибони се ҷои аввал мувофиқан соҳиби 80 ҳазор, 50 ҳазор ва 30 ҳазор фронки швейтсарӣ шуданд.
Аз кишварҳои Осиёи Марказӣ танҳо шоҳмотбози қазоқ Нуртас Кажгалиев ҳуқуқдор гардида буд, ки дар ин мусобиқаи бонуфуз ширкат намояд. Вай 6 бозиро бурда, 4 бозиро мусовӣ анҷом дод ва дар 5 озмоиш мағлуб шуда, бо касби 8 имтиёз мақоми 7-умро соҳиб шуд. Шоҳмотбози ҷавони қазоқ, устоди варзиши дараҷаи байнулмилалӣ Ҷонибек Амонов ин бозии ҳамдиёрашро муваффақона арзёбӣ кард.
Ба гуфтаи Ҷонибек ҳарчанд Нуртас, бори нахуст дар чунин мусобиқаи ҷаҳонӣ ширкат меварзад, вале вай тавонист аз чандин гроссмейстерҳои машҳури дунё пеш гузарад, ки ин бешубҳа барояш комёбии назаррас аст.