Конфаронси Афғонистон ва Осиёи Марказӣ

Имрӯз дар Душанбе бо ширкати 30 коршиноси байнулмилалӣ як ҳамоиши дурӯза дар бораи вазъияти Афғонистон таҳти унвони "Осиёи Марказӣ ва Афғонистон: таҳдиду хатарҳо, имкониятҳо ва дурнамо» сар мешавад. Дар ин ҳамоиш коршиносон аз Русия, Афғонистон, Ҳиндустон, Покистону Чин ҳамчунин, намояндагони НАТО, САҲА, СММ ва Иттиҳоди Аврупо ширкат меварзанд.