Ҳимояти Аҳмадинажод аз сиёсатҳои иқтисодияш

Раисиҷумҳури Эрон, Маҳмуди Аҳмадинажод аз сиёсати иқтисодии ҳукумати худ, ки дар номаи 60 иқтисодшиноси кишвараш ҳадафи танқид қарор гирифтааст, ҳимоят кард. Вай рад кард, ки ин сиёсат сабаби ҷаҳиши таваррум шудааст ва гуфт Эрон ба иқтисодиёти сабки Ғарб ниёз надорад.