Ҳасаналӣ Карамалиев, муовини раиси Утоқи савдо ва саноъати Тоҷикистон, зимни як суҳбат ба родиюи «Озодӣ» гуфт: «Намоишгоҳи “
AgroFood-2008”, ки 5 рӯз идома мекунад, гоме қавӣ барои ҷалби сармоягузорони хориҷӣ ва ҳамкорӣ барои истеҳсоли муштарак буд. Ҳадаф аз ташкили намоишгоҳ ёфтани ҳамкорон барои ширкатҳои ватанӣ ва боз ҳам рушду нумӯъ додани равобити иқтисодӣ миёни тоҷирони ватанӣ ва кишварҳои хориҷӣ аст”.
Дар намоишгоҳи “AgroFood-2008”, ки ба риштаи кишоварзӣ ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ ихтисос шудааст, инчунин ширкатҳои бузурги итолиёвӣ, туркӣ ва русиву чинӣ иштирок мекунанд. Сиёвуши Меҳандӯст, як масъули ширкати «GROW International», ки муҷрии аслии баргузории ин намоишгоҳ аст, мутазаккир шуд, ки ҳарчанд Тоҷикистону Эрон аз сарчашмаи як фарҳангу адаб об мехӯранд, вале миёни иқтисоди ин ҳарду кишвар тавофуте аз осмон то замин аст.
Аз ин рӯ, ба гуфтаи Меҳандӯст, кишвараш барои тақвият ва суботи иқтисоди Тоҷикистон пайваста талош мекунад: «Ин намоишгоҳро баргузор кардем, то ҳарду кишвар аз тавоноиҳои ҳам огоҳ шаванд ва бо ҳам дар ростои пешрафт, худкифоӣ ва истиқлоли иқтисодӣ дар Тоҷикистону Эрон ҳамкорӣ кунанд. Тоҷикистон як кишвари ҳосилхез ва аз назари табиъӣ ғанӣ аст. Бо ин далел бояд санойеъи вобаста ба кишоварзӣ ва ғизоӣ ва бастабандӣ бояд пешрафт ва тавсиъа пайдо кунад».
Ҳамин тавр, ба гуфтаи Сиёвуши Меҳандӯст, ҷониби Эрон талош хоҳад кард, ки чунин намоишгоҳҳои маҳсулот дар Душанбе бештар баргузор кунад, то миёни содиркунандаи маҳсулот ва воридкунандаи он ҳамеша иртибот барқарор бошад. Ӯ ҳамчунин таъкид намуд, ки то кунун чанде аз ширкатҳои эронӣ тасмим гирифтаанд намояндагиҳои худро дар Тоҷикистон боз кунанд.
Дар ҳамин ҳол, ба иттилоъи манобеъи расмии Тоҷикистон, беш аз 50 ширкати саноъатӣ ва кишоварзии Эрон дар ин кишвар сабтином шудаанд, вале равшан нест, ки чи теъдоде аз онҳо фаъъолият мекунанд.
Ин ҳам дар ҳолест, ки бархе аз сокинони Душанбе, ки барои тамошо ва харидории маҳсулот ба намоишгоҳи “AgroFood-2008” омада буданд, мегуфтанд, ки нархгузорӣ дар ин намоишгоҳ аз бозорҳои Тоҷикистон тафовуте надорад ва ин гуна маҳсулотро ҳам мешавад бидуни мушкил аз бозорҳои кишвар пайдо кард. Масъулони ширкатҳои эронӣ низ дар навбати худ сода шудани низоми судури коло ва маводди ағзия, ба хусус таъруфаҳои гумрукӣ ва ҳамлу нақли колоро барои тавсиъаи умури савдои Эрону Тоҷикистон зарур хонданд.