Қарор аст, имрӯз президенти тозаинтихоби Амрико, Барак Обама бо мушовирони иқтисодшиноси худ мулоқот кунад ва аввалин нишасти матбуъотӣ пас аз пирӯзияшро барпо намояд. Бархе аз ҷумҳурихоҳон нахустин гузинаи ӯ -- Рем Эмануелро ба ҳайси раиси дастгоҳ танқид карданд ва ӯро ҳизбгарои сарсахт номиданд. Эмануел дар ҳукумати президенти пешини Амрико Билл Клинтон ба ҳайси мушовир кор кардааст.