Раиси дафтар аз мақомҳои муҳимтарин маҳсуб мешавад, зеро ӯ раванди кори Кохи Сафедро танзим мекунад ва иҷрои амрҳои раисҷумҳурро таъмин менамояд. Раҳм Эмануэл аз Обама як сол бузургтар аст ва аммо аз собиқадорони ҳукумати раисҷумҳури пешин Билл Клинтон маҳсуб мешавад. Тайи чанд сол дар симати мушовири Клинтон ифои вазифа кардааст.
Гуфта мешавад, ки Эмануэл дар соҳиби бештари курсиҳои Конгресс шудани демократҳо дар ду соли пеш нақши калидӣ дошт. Ва аммо ҳанӯз маълум нест, ки ӯ пешниҳоди Обамаро мепазирад ё на.
Дигар мақоми калидӣ, аз нигоҳи коршиносон, маснади вазири молия аст ва ин курсиро бояд фарди ҷойгузини сазовори вазири молияи феълӣ Ҳенрӣ Полсон ишғол кунад. Ҳадс зада мешавад, ки Обама ба ин мақом шояд Лауренс Саммерсро даъват кунад – Саммерс дар ҳукумати Клинтон вазири молия буд ва айни ҳол ба донишҷӯёни Донишгоҳи Ҳарвард сабақ мегӯяд. Зимнан, Саммерс аз ҷонибдори ашадии иқтисоди бозорӣ ва ҷаҳонишавист – ду раванде, ки Обама дар баробари онҳо аз эҳтиёт кор мегирад. Бархе расонаҳо ба мақоми вазири молия даъват шудани Тимоти Гейтнер, раиси Бонки захираи федеролии Ню-Йоркро низ баъид намедонанд.
Коршиносон мегӯянд, ки дар вазъи феълии идомаи мубориза бо терроризм ва зарурати таъмини амният дар Амрико мақоми вазири амнияти дохилӣ низ ба маснадҳои калидӣ табдил шудааст. Ва аммо то ҳол ному насаби ягон номзад ба ин мақом эълон нашудааст.
Гуфта мешавад, ки дар маъмурияти ҷадид ҳадди аққал боз ду маснади калидӣ хоҳад буд, яке Котиби давлатӣ ва ё вазири умури хориҷа ва дигарӣ - вазири ҳифзи сиҳат. Котиби давлатии маъмурияти Обама бо мушкилоти шадид дар саҳнаи байнулмилалӣ рӯ ба рӯ хоҳад шуд ва қабл аз ҳама ба мушкили татбиқи ваъдаи Обама барои аз Ироқ берун кардани нерӯҳои амрикоӣ. Коршиносон мегӯянд, ки вазъи нобасомони Афғонистон, идомаи низоъ миёни Исроилу Фаластин, қазияи барномаи ҳастаии Эрон ва сардтар шудани равобити Амрико бо Русия - аз дигар мушкилотанд, ки Котиби давлатӣ бояд ба ҳалли онҳо бипардозад. Коршиносон мегӯянд, ки вазири дифоъ Роберт Гейтс шояд дар ҳукумати нав низ мақоми худро ҳифз кунад.
Зимнан, Ҷорҷ Буш, раисҷумҳури ИМА ваъда дод, ки ба Обама дар раванди бидуни мушкили интиқоли ҳукумат кумак хоҳад кард.
Ёдовар мешавем, Барак Обама дар интихоботи президентии ИМА ба дарёфти 349 райъи вакилони интихоботӣ муваффақ шуд, дар ҳоле, ки барои пирӯзӣ ба ӯ 270 раъй кофӣ буд. Рақиби ӯ, номзад аз Ҳизби ҷумҳурихоҳон Ҷон Маккейн фақат 162 раъйро соҳиб шуд.
Маросими савгандёдкунӣ ва ба ифои вазифа пардохтани Барак Обама 20 январи соли 2009 баргузор мешавад. То он рӯз ӯ бояд дар мавриди номзадҳо ба мақомҳои калидӣ дар ҳукумат тасмим бигирад.