Дар давоми тамоми рӯз, шурӯъ аз соати 6-и субҳ, дар назди дарҳои марказҳои раъйдиҳӣ мардум дар қаторҳои дуру дароз саф кашида, мунтазири навбати худ буданд. Шабакаҳои телевизионӣ аз ҳавзаҳои интихоботӣ дар саросарӣ ИМА гузоришҳои мустақим пахш мекарданд ва тасвирҳо аз он шаҳодат медоданд, ки чи дар шаҳрҳои бузургу иёлатҳои муҳимму калидӣ ва чи дар шаҳрчаҳои хурду камаҳолӣ сатҳи иштироки интихобкунандагон хеле баланд аст.
Мо низ барои пайдо намудани тасаввуроти комил дар бораи рафти раъйдиҳи аз чанд ҳавзаи интихоботии Ню Йорк дидан кардем ва шоҳиди айнии бесобиқа фаъъол будани сокинони яке аз бузургтарин шаҳрҳои Амрико шудем. Нахуст соати 6-у 30 дақиқаи субҳ мо ба назди бинои мактаби миёнаи минтақаи Дитмаси шаҳри Бруклин рафта, бо чашми худ дидем, ки қатори ботартиби интихобкунандагон қариб ба 200 метр тӯл кашида, одамон муназзам вориди бино мешаванду баъд аз партофтани варақаҳои раъйдиҳӣ ба сандуқҳои овоздиҳӣ аз он хориҷ мешаванд. Ҳангоми баромадан аз бино бо мо ҷавондухтари сафедпӯст Меген Ҳефтӣ ҳамсуҳбат шудем. Ӯ гуфт, ки нахустин бор аст, ки дар интихобот ширкат кардааст: “Раванди раъйдиҳӣ бисёр роҳат ва осон буд. Ман ҳадс мезадам, ки бо дарназардошти сатҳи рекордии ҳамоиши мардум вақти бештарамро сарф хоҳам кард. Ман ба Барак Обама овоз додам ба чанд сабаб. Пеш аз ҳама, ба эътиқоди шахсиам, кишварамон ба тағйирот ниёз дорад ва Обама маҳз ҳамин мавқеъро намояндагӣ мекунад, аммо Маккейн дидгоҳи манро ба ҳеч ваҷҳ инъикос намекунад”.
Интихобкунандаи дигар Лора Рубин, омӯзгори собиқи ҳоло бознишаста, ки бо вуҷуди мариз буданаш ба ҳавзаи интихоботӣ омадааст, изҳор намуд, ки вазъи кишвар ӯро ҳам нигарон мекунад ва интихоби вай бо Маккейн аст: “Ин интихобот аҳаммияти хеле зиёд дорад ва ин муҳимтарин руйдодест дар айни ҳол. Дар муқоиса бо интихоботҳои қаблӣ интихобкунандагон ба таври бесобиқа фаъъолтаранд ва ҳамеша ҳамин тавр ҳам бояд бошад. Агар мо дар интихоботи солҳои пеш мисли имрӯз фаъъол мебудем, шояд ба вуҷуд омадани ҳамаи он мушкилиҳоеро, ки ҳоло ҷаҳонро такон медиҳанд, пешгирӣ мекардем. Ман Обамаро дӯст медорам, ба ман писанд аст, ки чи тавр вай худро ба ин мақом расонид. Аз тарзи рафтораш ҳам хушам меояд, аммо ман водор будам ба Маккейн ва Пейлин овоз диҳам чунки Обама барои ин мақоми баланд омода нест ва боз ба чанд соли дигар ниёз дорад”.
Мо боз чандин интихобкунандагони дигарро савол кардем, ки ба ҷониби кадом номзад раъй доданд. Дар аксари маворид ва ба вижа ҷавонон изҳор доштанд, ки Барак Омбама номзади аслии онҳост ва танҳо ба хотири дастгирии вай онҳо субҳи барвақт пеш аз кор ва таҳсил раъй додаанд.
Аммо на дар ҳама қисматҳои Ню-Йорк, ки аз пойгоҳи аслии демократҳо ба ҳисоб меравад, интихобкунандагон чунин ягонагӣ нишон доданд. Дар қисматҳое, ки онҷо русзабонон бештаранд, одатан намояндагони ҳизби ҷумҳурихоҳ дастгирӣ мешаванд. Ва ин барои ҳеч кас муаммо намебошад. Аксарияти русзабонҳои Амрико ва Ню-Йоркро яҳудиҳо ташкил медиҳанд, ки ба инҷо аз кишварҳои собиқ шӯравӣ омадаанд, ва муносиботи ояндаи ИМА бо Исроил аз муҳимтарин мавзӯъҳоест, ки мояи нигаронии онҳо мебошад. Теъдоди зиёди онҳое, ки бо мо ҳамсуҳбат мешуданд, гуфтанд, ки, агар Обама сари қудрат ояд, чун таваҷҷуҳаш ба Исроил зиёд нест, равобити Амрико бо Эронро аз сар хоҳад гирифт. Ва ин яке аз сабабҳоест, ки дар минтақаҳое, ки шумораи русзабонҳо онҷо қобили мулоҳизааст, аксарияташон аз Маккейн ҷонибдорӣ карданд.
Мо аз ҳавзаи интихоботии Форест Ҳилси минтақаи Квинс боздид карда бо чанд яҳудиҳои бухороӣ, собиқ шаҳрвандони Тоҷикистон, мусоҳиб шудем. Яке аз эшон Борис Бобоев гуфт: “Ин интихобот ба ман бисёр маъқул шуд, чунки дар он мардуми бисёр иштирок карданд. Ман ба ҷонибдории Маккейн овоз додам, чунки, ман фикр мекунам, ӯ таҷрибаи ҳаётии бештар дорад”.
Ёдовар мешавем, ки барои пирӯз шудан ҳар як номзад ҳадди ақалл ба раъйи 270 вакили интихоботи ниёз дорад. Раъйи вакилони интихоботӣ дар асоси касби ороъи ҳар як иёлати ҷудогона ба ин ё он номзад дода мешаванд. Таҷрибаи таърих шаҳодат медиҳад, ки дар иёлатҳои Ню-Йорк, Калифорния,Орегон, Мейн, Ню-Ҷерсӣ ва мисли инҳо мавқеъи демократҳо бисёр мустаҳкам аст ва дар пирӯзии номзади ин ҳизб шубҳае нест. Ва ҳамин тавр дар иёлоти Вайоминг, Тексас, Тенессӣ, Юта ҷумҳурихоҳон ҳамеша пешсаф буданд. Вале натоиҷи раъйдиҳӣ дар аёлатҳои назири Флорида, Пенсилвания, Каролинаи шимолӣ, Миссурӣ, Индиана Колорадо ва Оҳайо нақши ҳалкунанда хоҳанд дошт.