Барак Обама - президенти нави Амрико

Барак Обама рақибаш Ҷон Маккейнро шикаст дода, нахустин сиёҳпӯсте шуд, ки ба мақоми раисҷумҳури Амрико мерасад.

Дар интихоботи рӯзи сешанбе Барак Обама аксарияти раъйи мардуми кишварашро ба даст овард ва расонаҳои хабарии Амрико мегӯянд, ки Барак Обама дасти кам 349 раъйи вакилони интихоботиро ба даст меорад ва Ҷон Маккейн 159 раъйи вакилонро. Барои расидан ба мақоми раёсати ҷумҳури Амрико кофист, ки номзад танҳо 270 раъйи вакили интихоботиро ба даст орад.

Ҳангоми таҷлил аз пирӯзиаш Барак Обама дар ҳузури бештар аз 100 ҳазор нафар дар зодгоҳаш дар шаҳри Чикаго гуфт, “ба Амрико тағйирот омад.”

Пас аз адои савганд дар рӯзи 20 январи соли 2009 Барак Обамаи 47- сола раиси ҷумҳури нахустини сиёҳпӯст ва 44 –уми раиси ҷумҳури Амрико мешавад.


Рақиби ӯ аз Ҳизби Ҷумҳурихоҳ Ҷон Маккейн шикасти худ дар интихоботро расман эътироф намуда, дар як суҳбати телефонӣ рақибаш Барак Обамаро бо пирӯзӣ табрик кард.