Дар як воҳиди маъмурии ИМА интихоботи президентии ин кишвар ба анҷом расид.
Тибқи анъана, ки аз соли 1960 маншаъ мегирад, аксари раъйдиҳандагони шаҳраки Диксвил Нотчи иёлати Ню-Ҳемпшир баъди соати 12-и шаб овоздиҳиро шурӯъ мекунанд. Шаҳрак ҳамагӣ 21 раъйдиҳанда дорад.
Одатан мардуми Диксвил Нотч ба тарафдорӣ аз номзади ҷумҳурихоҳ овоз медиҳанд, вале ин дафъа аксарият аз номзади демократ сенатор Барак Обама пуштибонӣ карданд.
Раиси меҳмонсарои шаҳрак, ки раҳбарии ҳисоби овозҳоро бар дӯш дошт, мегӯяд:
"Номзади аввали курсии раёсатҷумҳурии ИМА Ҷон Маккейн 6 овоз гирифт. Ба тарафдорӣ аз номзад Ралф Нодир касе раъй надодааст.. Бубахшед, Ралф.... Ва Барак Обама 15 овоз ҷамъ кардааст."
Ба ҳар сурат, Дисквил Нотч намунаи тамоми кишвар буда наметавонад.